Автомошинаи кормандони пулис. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе мошини кормандони пулисро дар рӯзи равшан дӯздидаанд

22
(Таҷдидшуда 16:19 14.10.2015)
Ин ҳодиса бегоҳи 13 октябр рух дода, ҷавононро дар назди чорроҳаи маъруф ба номи “Спартак”-и пойтахт боздошт кардаанд.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ду ҷавон дар шаҳри Душанбе дар рӯзи равшан мошини кормандони пулисро рабудаанд, дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Sputnik хабар доданд.

Аммо ба ҷавонон имкон нашудааст, бо ин мошини кормандони пулис зиёд "сайру гашт" кунанд: корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил —"УБОП", ки мошини дӯздидашуда ба ӯ тааллуқ дошт, бо мошини шахсии "Лексус" ҷавононро боз доштааст.

Ин ҳодиса бегоҳи 13 октябр рух додааст ва ҷавонон ҳангоми гурез аз таъқибгарон ба автомошинаи "Мерседес" дар назди чорроҳаи маъруф ба номи "Спартак"-и пойтахт бархурда, аз сӯи кормандони оташнишонӣ, ки бо шунидани садои садамаи нақлиётӣ ба макони ҳодиса омада буданд, боздошт шудаанд.

Ҳоло ин ду шаҳрванди кишварро, ки яке аз онҳо ба иттиҳоми рабудани автомошина дар кофтукоб қарор дошт, муддати тулонии зиндон таҳдид мекунад.

 

22
Барчаспҳо:
мошини кормандони пулис, дӯздӣ, рабудан, ҷавон, Душанбе, рабуданд, ВКд, Тоҷикистон