Ҳавопаймои Boeing 737-800-и ширкати Fly Dubai. Акс аз бойгонӣ

Суқути "Боинг" дар Ростов боиси марги 61 нафар шуд

350
(Таҷдидшуда 10:52 21.03.2016)
Дар Ростови лаби Дон ҳавопаймо бо мусофирон суқут кард. Бар асари ҳодиса кулли мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ҳамаи мусофирон ва ҳайати экипажи ҳавопаймои Boeing 737-800, ки дар фурудгоҳи шаҳри Ростови лаби Дон суқут кард, ба ҳалокат расидаанд, иброз дошт як манбаъ аз 'хадамоти наҷотдиҳии минтақа.

"Сабаби суқути ҳавопаймо ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо тибқи фарзияи пешакӣ яке аз омилҳои садама вазъи бади ҳаво ва шамоли сахт тахмин мешавад",- афзуд сарчашмаи хабар.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ҳавопаймо 61 нафар (55 мусофир ва 6 сарнишин) қарор доштанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Русия буданд. Миёни қурбониён шояд хориҷиён низ бошанд.

Айни ҳол таҳқиқи ҳодиса ва сабабҳои суқути ҳавопаймо оғоз гардидааст.

Ин ҳавопаймо тариқи хатсайри Дубай- Ростов парвоз дошт.

350
Барчаспҳо:
61 нафар, ҳалокати одамон, суқути ҳавопаймо, ширкати Fly Dubai, ҳавопаймои Boeing 737-800, Дубай, ФР, Русия, Ростови лаби Дон
Пробирки с кровью для анализа на covid-19

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

268
(Таҷдидшуда 20:04 05.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7625  нафар баробар гардид.

"То санаи  5 август  дар мамлакат  6399 (83,9%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Русия эълон кард, кай ваксинаи зидди COVID-19 миёни кӯдакон санҷида мешавад

Ин ниҳод даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос  ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

268
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустии ҶТ, омор, тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Флаг Ирана

Вокуниши мақомоти Эрон бар филми “Хиёнат”

440
Ахиран филме бо номи “Хиёнат” дар тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар ин филм, ки ҳеч ному нишоне аз созандаи он вуҷуд надорад, асосан суҳбат аз ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва роҳбари он Муҳиддин Каибирӣ рафтааст.

“Хиёнат” ба сурати як мустанади 210 дақиқаӣ дар се бахш намоиш дода шуд, ки дар он эътирофоти афроди маҳкум ва боздоштшуда пахш гардидааст.

Бештар эътирофоти писари ама, бародарзан ва ронандаи роҳбари ҳизби наҳзати исломӣ оварда шудааст.

Дар ин филм борҳо ба “Кишвари барои мо маълум” ишора мешавад, ки бархе расонаҳои мухолифи Эрон ин кишварро Ҷумҳурии Исломии Эрон дониста, бардошт аз ин филмро дахолати Эрон дар умури дохилии Тоҷикистон зикр кардаанд.

Зеро дар ин филм гуфта мешавад, ки кишвари барои мо маълум ба ҷавонони тоҷик омӯзишҳои низомӣ ва террористӣ медодааст, то алайҳи ҳукумати ин кишвар иқдом кунанд.

Дар ин замина Алии Рабеӣ, сухангӯи давлати Эрон ба хабарнигори Sputnik Эрон дар Теҳрон гуфт: - Мо муҳтавои филм ва ё нияти созандагони номаълуми онро бар асоси тафсирҳои расонаӣ қазоват намекунем. Эрон ва Тоҷикистон як рӯҳ дар ду бадан ҷуғрофиёӣ ҳастанд.

Мо муттааҳид ба олитарин сатҳи эҳтиром ба ҳукумати мустақил ва роҳу равиши зиндагӣ дар кишвари Тоҷикистон ҳастем.

Ҳамчунин иродаи мо дар муроқибат аз ин муносибатҳои таърихиву гусастнопазир дар баробари сӯитафоҳумҳо ва сӯизанҳои (бадгумониҳои) тавтеаомез, тағйирнопазир буда ва таҳти таъсири фазосозии расонаӣ қарор нахоҳад гирифт.

 Алии Рабеӣ бо таъкид бар муштаракоти густардаи фарҳангӣ ва торихии ду кишвар, изҳор дошт: - Мо аз тамоми ҳунармандону мустанадсозон даъват мекунем, ки ҳиммати бештаре барои бознамоии умедофарӣ аз аҳамияти равобити миёни Эрону Тоҷикистон ва зарурати густариши он то сарҳади баҳрабардории ҳаддиаксарӣ аз тамоми зарфиятҳои билқувваи ду миллат ба харҷ диҳанд.

440
Барчаспҳо:
телевизион, вокуниш, филм, Тоҷикистон, Эрон
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0