Таркиши автомобил дар Туркия

© AFP 2023 / ILHAS NEWS AGENCYМашины скорой помощи на месте взрыва в Газиантепе (Турция) 1 мая 2016 года
Машины скорой помощи на месте взрыва в Газиантепе (Турция) 1 мая 2016 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари инфиҷор дар кисми ҷанубу шаркии Туркия наздики нӯҳ нафар маҷрӯҳ гаштанд,иттилоъ медиҳад оҷонсии DHA.

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Таркиш рӯзи якшанбе соати 11.30 ба вақти Душанбе дар назди идораи пулиси Ғазиантеп ба вукӯъ пайваст. Баъд миёни кормандони пулис ва ҷангиён бархурд ба амал омад.

Оҷонсӣ хабар медиҳад, ки миёни захмиён шаш нафарашон кормандони пулис мебошанд. Ба ҷои ҳодиса мошини ёрии таъҷилӣ ҳозир шуд.

Каблан хабар дода шуд, ки бар асари инфиҷор як корманди пулис ба ҳалокат расид.

То ҳол ҷавобгарии таркишро ягон гурӯҳи ҷиноятпеша бар душ нагирифтааст.

Чуноне портали Haberturk бо такя ба ҳукумати маҳаллӣ хабар медиҳад дар натиҷаи таркиши автомобил дар Туркия зиёда аз 13 нафар маҷрӯҳ шуда, як корманди пулис ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0