Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ

ВАО дар бораи марги Ислом Каримов хабар медиҳад

874
(Таҷдидшуда 16:29 05.09.2016)
Васоити ахбори оммаҳои гуногун хабар медиҳад, ки президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов вафот кардааст. Аммо расман ин маълумот тасдиқ нагаштааст.

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар бораи он, ки Ислом Каримов вафот кардааст оҷонсии Фарғона бо истинод ба манбаи худаш хабар медиҳад. Тибқи маълумоти он президенти Ӯзбакистон соатҳои 15-16 бо вақти маҳаллӣ аз олам чашм пӯшидааст.

Аммо касе ин маълумотро расман тасдиқ намекунад. Дар Кремл ҳамчунин маълумот доданд, ки ба онҳо дар бораи фавти раисҷумҳури Ӯзбакистон чизе маълум нест.

Хотиррасон мекунем, ки пештар духтари президент Лола Каримова тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ хабар дода буд, ки падараш дар ҳолати вазнин қарор дорад ва ӯ ба сактаи майнаи сар дучор шудааст.

Каромов алъон сарвари Ӯзбакистон ба ҳисоб меравад, 26 соли охир аст, ки ӯ президенти мамлакат  мебошад. Аввалин маротиба  сали 1991 вайро раисҷумҳур интихоб намуда буданд.

874
Барчаспҳо:
Ислом Каримов, Ӯзбакистон
Мавзуҳо:
Узбакистон бидуни Ислом Каримов (18)
Мавзуъ
Лола Каримова: Президент ба сактаи майнаи сар дучор гардид
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

189
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

189
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Хонаи осебдидагон дар Хуросон бомпӯш шуд-акс

72
(Таҷдидшуда 19:58 13.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 13  июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

Носирҷон Маъмурзода, роҳбари бахши таҳлилу иттилооти Дастгоҳи раиси Хатлон имрӯз иттилоъ дод, ки то имрӯз қариб тамоми 67 хона, ки имрӯзҳо дар маҳаллаи амни Чорбоғ (Деҳқонобод) сохта мешаванд, аллакай бомпӯш шудаанд.  Алъон корҳои андовакунӣ ва рангуборсозӣ ҷараён дорад, таъкид кард Маъмурзода.

Мақомоти Хатлон мегӯянд,  таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

72
Барчаспҳо:
сел, зарар, офати табиӣ, Тоҷикистон