Низомии тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва Амрико размоиш баргузор мекунанд

49
(Таҷдидшуда 14:56 20.03.2017)
Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар размоише бо низомиёни амрикоӣ равишҳои пайкор бо гурӯҳҳои тундраву ҳаросафкани байналмиллалиро тамрин хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар размоише, ки аз 27 март то 7 апрел баргузор мешавад, 150 намоянда аз вазорати дифоъи ИМА ва 100 намоянда аз нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Бино ба иттилоъи равобити умумии сафорати ИМА дар Душанбе, дар ин размоиш, ки Фармондеҳии марказии ИМА дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои давлатии ИМА ва Ҳукумати ҶТ баргузор мекунад, равишҳои ҳамоҳангсозии набарду пайкор бо гурӯҳҳои теруристии фаромиллӣ тамрин хоҳанд шуд. Ин размоиш дар размоишгоҳҳое дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он баргузор мешавад.

Сафорат дар иттилоъияаш аз паёми раисҷумҳур Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавад, ки умедворӣ карда буд "аҳдофи муштараки дар заминаи амният ва суботи минтақавиро ҳамроҳ пеш бибаранд". Ин ниҳод меафзояд: "Ин размоиш барои афзоиши сатҳи амнияту субот дар минтақа аз роҳи густариши имконот ва ҳамоҳангсозии амалиёт миёни нерӯҳои амниятии ИМА ва Тоҷикистон барномарезӣ шудаанд. Ҳадаф аз ҳамкории низомиён афзоишу беҳинасозии тавонмандиҳо ва пуштибонӣ аз суботи дарозмуддат дар минтақа ва ҳамоҳангии амалиёти муштарак миёни Амрико ва Тоҷикистон аст".

Амрико дар назар дорад ки аз будҷаи худ дар соли 2017 барои афзоиши маҳоратҳои кормандони сохторҳои амниятии Тоҷикистон 525 ҳазор дулор ҳазина кунад.

49
Барчаспҳо:
теруризм, размоиш, размоиш, Тоҷикистон-ИМА
Лампочка, архивное фото

Лимити барқ дар Тоҷикистон: Раҳмон аз Вазорати энергетика чӣ талаб кард

113
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ бо лимити барқ дар кишвар ба Вазорати энергетика чанд дастур дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.

Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.

Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.

Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.

Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.

Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.

Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

"Ккорҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.

 

113
Барчаспҳо:
Вазорати энергетика ва захираҳои об, лимит, барқ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Член Совета по правам человека при президенте РФ, исполнительный директор медиагруппы Россия Сегодня Кирилл Вышинский

Эътирози Вишинский ва Бутина алайҳи таъқиби ВАО

20
(Таҷдидшуда 15:58 26.01.2021)
Директори иҷроияи гуруҳи расонаҳои "Россия сегодня" Кирилл Вишинский ва Мария Бутина, ки аз зиндони Амрико озод шуду узви Палатаи ҷамъиятӣ мебошад, дар назди сафорати Латвия дар Маскав алайҳи таъқиби ВАО-и Русия ба эътироз баромаданд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Дар дасти Бутина, ба маънои рамзӣ завлонае гирди плакате бо навиштаҷоти "Минтақаи озод сухани низоми сахт" аст. Вишинский дар навбати худ даъват мекунад, ки ба таъқиби журналистон хотима бахшида шавад.

"Мутаассифона, ман маҷбур шудам, ки бори дигар дастбандро ба бар кунам. Ин корест, ки ман намехоҳам бикунам, аммо ман наметавонам бетараф бошам. Ин ҳамбастагӣ бо ҳамватанони мо, бо рӯзноманигорон дар Латвия мебошад, ки ҳоло барои нуқтаи назари алтернативӣ, барои ҳамкорӣ бо ВАО-и Русия таъқиб мешаванд", - гуфт Бутина.

Фаъоли иҷтимоӣ ҳодисаҳои дар Латвия рӯйдодаро таъқиби озодии сухан ва арзишҳои умумиинсонӣ аз ҷониби мақомот номид.

"Дар Латвия на танҳо ҳуқуқҳои ҳамкасбони мо, балки ҳамватанони мо дағалона поймол карда мешаванд ...Онҳо қоидаи асосӣ - ҳуқуқи интихоби идораи таҳрирӣ, ки ба эътиқоди ботинии ӯ мувофиқат мекунад, вайрон мекунанд <. ..> Далели он, ки ин гуна мафҳумҳо дар Латвия дасткорӣ карда мешаванд, на танҳо мо, на фақат Вазорати корҳои хориҷии Русия, балки як созмоне чун "Хабарнигорони бидуни марз" сабт кардааст", -  қайд кард Вишинский.

Муроҷиати Симонян ба президенти Эстония барои бехатарии кормандони Sputnik

Дар моҳи декабр, рӯзноманигорони русзабони Латвия, аз ҷумла онҳое, ки бо порталҳои Baltnews ва Sputnik.Латвия кор мекунанд, тибқи моддаи 84 Қонуни ҷиноии Латвия - "Вайрон кардани режими таҳримоти ИА" айбдор карда шуданд.

Ҷазо аз ҷаримаи пулӣ то ҳабсро дар бар мегирад. Онҳоро кофтукоб карданд ва санади тарк накардани марз доданд. Sputnik.Латвия ва Baltnews бо гурӯҳи хабаргузории "Россия сегодня" робита доранд. Дар айни замон, рӯзноманигорони Латвия, ки барои ин расонаҳо менависанд, на кормандон, балки танҳо ба ҳайси муаллифони озод фаъолият мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия амалкарди мақомоти Латвияро алайҳи рӯзноманигорони русзабон амали ҷазо ва намунаи ошкорои вайрон кардани пояҳои ҷомеаи демократӣ - озодии ВАО ва баён номид.

Ин ниҳод қайд кард, ки таҳримҳо хусусияти шахсӣ доранд ва шахсан ба Директори кулли "Россия Сегодня" Дмитрий Киселев иртибот доранд ва наметавонанд ба ҳар касе, ки бо медиахолдинг ҳамкорӣ мекунад, рабт дошта бошад.

Сармуҳаррири "Россия Сегодня" Маргарита Симонян изҳори умедворӣ кард, ки Русия ба парвандаҳои ҷиноии зидди рӯзноманигорони русзабон посух хоҳад дод.

20
Барчаспҳо:
Русия, Латвия, эътироз, пикет, Кирилл Вишинский