Муборакшо Муборакшоев ҳангоми набард. Акс аз бойгонӣ

Пирӯзии Муборакшо Муборакшоев дар набард бо размикори рус

491
Размикори тоҷик Муборакшо Муборакшоев дар зӯрозмоие ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, бар ҳамоварди худ пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Муборакшо Муборакшоев дар мусобиқоти байналмилаллии ҳунарҳои размӣ бар размикори рус Денис Тюлюлин пирӯз шуд.

Ин мусобиқотро ширкати Dorob Fight дар шаҳр Душанбе баргузор кардааст. Дар чорчӯби ин мусобиқот 28 размикор аз даҳ кишвар дар 14 набард зӯрозмоӣ кардаанд.

Бино ба иттилоъи мудири ширкати Dorob Fight Даврон Ҷӯраев, ин дувумин зӯрозмоие аст ки ин ширкати тоҷикӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати АСВ 55 баргузор мекунад. Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқот муаррифии размикорони тоҷик дар размгоҳҳои ҷаҳонӣ аст.

Баргузоркунандагон набарди размикорон Шараф Давлатмуродов бо Муҳаммад Берҳамовро муҳимтарин разм дар ин мусобиқот гуфтаанд. Ин размикорон то кунун аз ҳамовардонашон шикаст нахӯрдаанд.

Тоҷикистонро дар ин зӯрозмоиҳо Ифтихор Арбобов, Муъин Ғафуров, Фатҷиддин Собиров, Файзӣ Тобатов, Мубаракшо Мубаракшоев ва Шараф Давлатмуродов намояндагӣ кардаанд.

Муборакшо Муборакшоев қаҳрамони теквондуи Осиё ва қаҳрамони Тоҷикистон дар ҳунарҳои размии омехта аст.

491
Барчаспҳо:
зӯрозмоӣ, ҳунарҳои размӣ, Dorob Fight, Муборакшо Муборакшоев, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пуршӯртарин лаҳзаҳои зӯрозмоии размикорон дар Душанбе