Эрону Русия ҳамроҳ чархбол месозанд

© Фото : официальный сайт "Вертолеты России"Чархболи Ми-8/17, акс аз бойгонӣ
Чархболи Ми-8/17, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эрон барои навсозии новгони чархболҳои худ ёддошти тафоҳуме бо ширкати саноъеи чархболсозии Русия имзо кард

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар паи сафари расмии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба Маскав ва дидораш бо раисҷумҳур Владимир Путин, ниҳодҳои масъули ду кишвар ёддошти тафоҳуму ҳамкорӣ дар заминаи чархболсозӣ имзо кардаанд.

Ин ёддоштро Мансур Муъаззамӣ, раиси Созмони густаришу навсозии саноъеи Эрон, ва Андрей Богинский, раиси ширкати чархболсозии "Вертолёти России" имзо кардаанд. Ҳадаф аз ин ёддошт густариши ҳамкориҳои ду кишвар, навсозии новгони чархболҳои Эрон ва ҳузури Русия дар бозори ҳавогардҳои Ховари Миёна эълом шудааст.

Дар чорчӯби ин ёддошт тарафайн мехоҳанд сохти муштараки чархболҳои Ка-226 ва "Ансат"-ро роҳандозӣ кунанд.

Созмони густаришу навсозии саноъеи Эрон мехоҳад дар оянда чархболҳои русии Ми-17, Ми-8МТВ, Ми-171Е, Ми-171 ва Ми-17В-5-ро дар Эрон тавлид кунад.

Ҳар чархболи Ка-226 4 милюну 200 ҳазор дулор ва ҳар чархболи "Ансат" 3 милюну 900 ҳазор дулор қимат дорад. Ин чархболҳо бештар дар амалиёти мубориза бо табаҳкорон ва имдодрасонӣ ба кор мераванд ва дар дамову баландиҳои бисёр боло корбурдпазир ҳастанд. 

Лентаи хабарҳо
0