Ҳасан Руҳонӣ дар охирин назарсанҷии интихоботӣ дар Эрон пештоз аст

© Sputnik Рухани, президент, Иран
Рухани, президент, Иран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Охирин назарсанҷии мунташиршуда аз сӯи Маркази афкорсанҷии донишҷӯёни Эрон "ISPA" ҳикоят аз пештозии Ҳасан Руҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии исломӣ дорад

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Маркази афкорсанҷии донишҷӯёни Эрон "ISPA" пас аз дувумин мунозираи телевизюнӣ миёни номзадҳои симати раёсати ҷумҳурии исломӣ, 8 — 9 май назари мардуми Эронро дар шаҳру рустоҳо бо телефон пурсид. Натиҷаи он аз рӯи посухи касоне, ки "қатъан" ва "ба эҳтимоли бисёр" дар интихобот ширкат мекунанд ва яке аз шаш номзадро интихоб хоҳанд кард, чунин аст:

1.        Ҳасан Руҳонӣ — 61,6 дарсад;

2.        Сайид Иброҳим Раисӣ — 26,7 дарсад;

3.        Муҳаммадбоқир Қолибоф — 24,6 дарсад;

4.        Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ — 3,2 дарсад;

5.        Мустафо Мирсалим — 2,8 дарсад;

6.        Мустафо Ҳошимӣ Табо — 1,2 дарсад.

Ёдоварӣ мекунем, ки интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон 19 май баргузор хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0