Просмотр нового сайта консульства РТ в Афганском Бадахшане

Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон вебгоҳашро роҳ андохт

60
(Таҷдидшуда 14:25 12.05.2017)
Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вебгоҳи худро дар Интернет фаъол кард

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар вебгоҳи худ ба забонҳои форсӣ ва инглисӣ матолибу донистаниҳоро дар бораи рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон, фаъолияти раисҷумҳурӣ ва вазорати хориҷа дар бахши Афғонистон, умури консулӣ, равобити Тоҷикистону Афғонистон, умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, гардишгарӣ ва дарёфти раводид мунташир карда ва рӯзомад хоҳад кард.

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ин вебгоҳ роҳнамои дарёфти раводиди электронӣ низ оварда шудааст.

Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоии "facebook" ва "twitter" сафҳаҳояшро фаъол карда ва дар онҳо ахбори Тоҷикистон ва Афғонистон, бавижа вилоятҳои шимолу шарқи онро, дар дастраси ҳамвандон гузоштааст.

60
Барчаспҳо:
вебгоҳ, консулгарӣ, Консулгарии Тоҷикистон дар Бадахшон, Тоҷикистон-Афғонистон, Бадахшон
Мавзуъ
Сарбозони амрикоӣ роҳбари ДОИШ-ро дар Афғонистон нобуд карданд
Вазири умури хориҷаи Эрон бо раҳбарони Афғонистон дидор мекунад
Ашраф Ғанӣ аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард бо сафаре расмӣ аз Афғонистон боздид кунад
Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон”: Аслов оромии Афғонистонро масъалаи рӯз гуфт
Школьники в масках

Ҳушдори ТУТ: дар соли нави хониш мактабҳо метавонанд манбаи сирояти COVID-19 шаванд

26
(Таҷдидшуда 16:04 14.08.2020)
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳушдор додааст, ки дар оғози соли нави таҳсил муассисаҳои таълимӣ метавонад ба хуруҷи бемории коронавирус табдил шавад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтанд, ки бо оғози соли хониш, мактабҳо метавонанд манбаи нави сирояти коронавирус шаванд.

Дар ин бора Майкл Райан, директори барномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт оид ба вазъи фавқулода зимни нишасти матбуотие дар Женева гуфт.

Вай қайд кард, ки аксарияти аҳолии ҷаҳон то ҳол аз коронавирус осебпазиранд.

Майкл Райан аз набудани имконоти гигиенӣ, ҳатто барои тозагии дастон дар бисёр муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ кард.

Тибқи маълумоти ТУТ соли гузашта, 43% мактабҳо дар саросари ҷаҳон таҷҳизоти асосӣ барои шустани дастон бо собун ва об надоштанд, оби равон ва канализатсия як сӯ истад.

"Бидуни ин, кори бехатари мактабҳо дар замони авҷи пандемияи COVID-19 ғайриимкон аст. Мактабҳо метавонанд минтақаҳои хатар бошанд", гуфт Райен.

Аз ин рӯ, ТУТ ба зарурати риояи қатъии чораҳои муҳофизатӣ аз сироятро талаб мекунад.

Олимон гуфтанд, мавҷи дуввуми коронавирус аз куҷо сар мезанад

Ин созмон гуфтааст, шаҳрвандон бояд мисли пештара пӯшидани ниқобҳои тиббиро дар ҷойҳои серодам идома диҳанд ва масофаи иҷтимоӣ риоя намуда аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд.

26
Барчаспҳо:
Соли нави хониш, мактабҳо, ТУТ
Арест, архивное фото

Занозании ҷавонмарду духтари ҳомила дар роҳ: пулис якеро ҳабс карду дигареро ҷарима -навор

315
(Таҷдидшуда 15:47 14.08.2020)
Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон дар робита ба навори дастраскарда оиди латукӯби ду нафар дар ҷойи ҷамъиятӣ, онҳоро боздошт намуд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ба суроғаи электронии РВУД дар шаҳри Душанбе наворе ирсол гардидааст, ки ду нафар дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳамдигарро дашномҳои қабеҳ зада, мавриди латукӯб қарор доданд.

Котиботи Раёсати умури дохила дар пойтахт хабар медиҳад, дар навор муноқишаи як ҷавонмарду духтар инъикос ёфтааст, ки мард ронандаи таксии Ширкати "1111" мебошад ва ҷавондухтар шояд мусофири ӯ бошад.

 Манбаъ аз нафарони боздоштшуда Зиёратзода Билолиддини 21- сола ва Муминова Табассуми 33 - сола ном бурда, изҳор дошт, ки муноқишаи онҳо дар кӯчаи Р.Набиев назди бозори собиқи "Ҷал-Ҷам" рух додааст.

"Дар заминаи баҳси бамиёномада ҳамдигарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботу оромиро дар мавзеи ҷамъиятӣ вайрон намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҷавоне, ки тағо ва ҷияни маъюбашро ба талбандагӣ водор мекард, боздошту ҳабс шуд - акс

Зимнан, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бо қарори суд, Зиёратзода Билолиддин ба мӯҳлати 5 шабонаруз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ҷавонзан бинобар ҳомиладор будан ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷаримабандӣ шуд.

315
Барчаспҳо:
навор, ҷарима, ҳабс, духтар, ҷавон, муноқиша