Кундуз, Афганистан, архивное фото

Нерӯҳои амниятии Афғонистон Қалъаи Золро аз Толибон озод карданд

46
(Таҷдидшуда 17:59 16.05.2017)
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар паи баргузории амалиёти густарда барои бозпасгирии вулусволии Қалъаи Зол имрӯз тавонистанд онро аз Толибон озод кунанд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пас аз роҳандозии амалиёти густарда барои бозпас гирифтани вулусволии Қалъаи Зол дар вилояти Кундуз имрӯз бомдод тавонистанд маркази ин ноҳияро аз ҷангҷӯёни "Толибон" озод кунанд.

Саттор Андаробӣ, фармондеҳи гурдони Нерӯҳои вижаи Артиши Афғонистон дар суҳбат бо хабаргузории Тулуъ гуфта, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ барои озод кардани маркази шаҳристони Қалъаи Зол имрӯз соати шаши бомдод оғоз шуд.

Вай афзуда, ки нерӯҳои заминӣ бо пуштибонии нерӯҳои хориҷӣ аз замину ҳаво бар маркази ин ноҳия ҳамла бурда ва дар паи се соат набард ҳаросафканонро тору мор кардаанд. Ҳамакнун поксозии дигар бахшҳои ин вулусволӣ аз Толибон идома дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" вулусволии Қалъаи Золро, ки бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус дар вилояти Хатлон ҳаммарз аст, 6 май ба даст оварда буданд.

Чаҳор рӯз пеш аз ин, 12 май Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар паи заду хӯрдҳои сездаҳрӯза тавонистанд вулусволиҳои Зебок ва Ишкошимро аз ҷангҷӯёни созмони ҳаросафкани "Толибон" озод кунанд.

46
Барчаспҳо:
Толибон, Қалъаи Зол, Зебок, Ишкошим, Афғонистон
Мавзуъ
Толибон ба ҷони Атомуҳаммад Нур суъиқасд кард
Толибон вулусволии Қалъаи Зол дар марз бо Тоҷикистонро гирифт
Артиши Афғонистон ду вулусволии ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз Толибон озод кард
Коршинос: Толибон нерӯе надорад, ки дар Бадахшон биҷангад