Қароргоҳи аслии Маркази ҷаҳонии плюрализм

Шоҳзода Оқохони IV дар Канада Қароргоҳи Маркази ҷаҳонии плюрализмро роҳ меандозад

419
(Таҷдидшуда 13:53 17.05.2017)
Қароргоҳи аслии Маркази ҷаҳонии плюрализм дар шаҳри Оттава имрӯз расман ба баҳрабардорӣ мерасад

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Шоҳзода Оқохони IV имрӯз дар шаҳри Оттава Қароргоҳи аслии Маркази ҷаҳонии плюрализмро ба баҳрабардорӣ мерасонад.

Бино ба иттилоъи вебгоҳи расмии ин Марказ, дар маросими ифтитоҳи ин қароргоҳ Шоҳзода Карим Оқохон, Фармондори кулли Канада Дэвид Ҷонстон, ҳамтои пешини ӯ Адриенн Кларксон, Дабири кулли пешини Созмони милали муттаҳид Куфӣ Аннон ва дигар меҳмонони баландпоя ширкат хоҳанд кард.

Ин Қароргоҳ дар кохе ҷой гирифтааст, ки пештар дар он Бойгонии кишварӣ (1905 — 1967) ва Музеи ҷанги Канада (1967 — 2005) ҷой доштанд.

Маркази ҷаҳонии плюрализм, ки соли 2006 бунёд ёфта буд, дар заминаи таҳлили қиёсӣ, пажӯҳиш ва гуфтугӯ дар заминаи арзёбии гуногунандешӣ дар Канада ва ҷаҳон фаъолият мекунад.

419
Барчаспҳо:
Маркази ҷаҳонии плюрализм, Шоҳзода Карим Оқохони IV, Канада
Мавзуъ
Шоҳзода Карим Оқохони IV аз Маскав боздид мекунад
Шоҳзода Оқохони IV бо Сергей Лавров дидор кард
Навори дидори шоҳзода Оқохони IV бо Сергей Лавров