Задержание наркодилеров, архивное фото

Вазири Русия: шаҳрвандони ҶТ дар миёни қочоқчиён дувумин мақомро доранд

71
(Таҷдидшуда 12:57 17.05.2017)
Бино ба омори Вазорати умури дохилаи Русия, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни хориҷиёне, ки дар Русия бо маводи мухаддир боздошту зиндонӣ шудаанд, аз лиҳози теъдод дувумин мақомро доранд.

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев эълом кард, ки кормандони Вазорати умури дохилаи Русия дар соли 2016 камубеш 200 ҳазор ҷароими маводи мухаддирро хунсо кардаанд.

Вай дар нишасти муштараки раҳбарони вазоратҳои умури дохилаи Русия ва Тоҷикистон гуфт: "Ин рақам даҳ дарсад аз ҷиноётест, ки дар як сол дар кишвар рух додаву сабт шудаанд".

Дидори Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони созмонҳои тоҷикон дар Русия
© Фото: Аз равобити умуми вазорати корҳои дохилаи ҶТ

"Кормандони нерӯҳои интизомӣ беш аз 24 тон маводи мухаддир, аз он ҷумла 2 тон маводи афюниро, ки дар Афғонистон тавлид шудаву аз "масири шимол" ба қаламрави Русия ворид карда мешуданд, аз муомилоти ғайриқонунӣ хориҷ карданд", — гуфт раҳбари ВУД Русия.

"Масири шимол" бузургтарин масири қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумла афюн аз Афғонистон ба Русия ва кишварҳои урупоиро меноманд, ки аз Тоҷикистону Узбакистон мегузарад.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ҷиноёти муртабит бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд. Бино ба омори Вазорати умури дохилаи Русия, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни хориҷиёне, ки дар Русия бо маводи мухаддир боздоштаву зиндонӣ шудаанд, дувумин мақомро доранд.

Ду севуми ин шаҳрвандони ҶТ ҷиноёташонро дар таркиби гурӯҳҳои созмонёфта содир кардаанд, аз он ҷумла қочоқбарон 24 чаҳор шаҳрванди ҶТ ҳангоми судури ҷиноят дар созаҳои таробарӣ (истгоҳҳои қатор, фурудгоҳҳо, ҳавопаймоҳо) дастгир шудаанд.

Пештар аз ин хабар дода будем, ки марзбонони Тоҷикистон дар соли 2016 аз қочоқи беш аз 340 килуграм маводи мухаддирро аз Афғонистон пешгирӣ кардаанд. Ҳамчунин дар се моҳи аввали соли 2017 ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон низ ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Ҳамчунин гуфта шуда буд, ки кормандони Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон 9 май камубеш 270 килуграм маводи мухаддирро нобуд карда ва дар тули сол беш аз 1,3 тон маводи мухаддир оташ зада шудааст.

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳар аз гоҳе аз қочоқи маводи мухаддир ба Русия пешгирӣ мекунанд. Чунончи, чанде пеш корманони нерӯҳои интизомии вилояти Суғд аз чаҳор боздоштшуда беш аз 100 килуграм маводи мухаддиро мусодира карда буданд.

71
Барчаспҳо:
қочоқи маводи мухаддир, Вазорати умури дохилаи Русия, Владимир Колоколтсев, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Мулоқоти Раҳимзода бо Колоколтсев: аз мубориза бо терроризм то истирдод
Шӯрои вазирони ВКД-и кишварҳои ИДМ-ро Колоколтсев роҳбарӣ мекунад
Владимир Колоколтсев бо медали “Милитсияи Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд