Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото

Маҳмадсаид Убайдуллоев қонунгузоронро муттаҳам ба қонуншиканӣ кард

112
(Таҷдидшуда 16:03 18.05.2017)
Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз риоя нашудани қонуни танзими маросим нигаронӣ кард ва аз соҳибмансабон хост нисбат ба рухдодҳои кишвар беэътино набошанд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар баррасии масъалаи ислоҳи қонуни танзими ҷашну маросим аз камкории соҳибмансабон ва масъулини давлат дар иҷрои ин қонун интиқод кард.

Раиси Маҷлиси Миллӣ ёдоварӣ кард, ки ин қонун даҳ сол пеш тасвиб шуда, вале ҳануз ҳам муқаррароташ пурра иҷро намешаванд. Вай вакилони Маҷлиси Миллиро муваззаф кард бо интихобкунандгон дар ҳавзаҳои интихоботӣ дидор карда назарашонро дар бораи иҷрои ин қонун бипурсанду ба маҷлис пешниҳод кунанд.

Убайдуллоев гуфт, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки чунин қонуне ҷорӣ кардаанд, бархе аз муқаррароташон бисёр хуб иҷро мешаванд.

"Вале дар Тоҷикистон иҷрои ин қонун бо мушкилот дучор шуда ва муқаррароташ ҳамвора нақз мешаванд. Ин масъаларо, ки чаро қонун иҷро намешавад, бояд рафту дар маҳалл пайгирӣ кард, ки чаро чунин аст?", — гуфт вай.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бетафовутиву беэътиноии соҳибмансабону масъулинро далели аслии иҷро нашудани муқаррорти ин қонун донист.   

Вай гуфт, соҳибмансабон бояд худашон намунаи ибрат барои мардум мешуданд: "Ҳарчанд гуфтем, ки биёед худамон намунаи ибрат шавем, нашуд".

Гуфтанист, ахиран раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ аз қонуншикании соҳибмансабон нигарон шуда ва чанд тан аз масъулинро барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим аз симат барканор кардааст.

112
Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Тоҷикистон
Мавзуъ
Убайдуллоев барои густариши низоми маҷлисмеҳварӣ бо нишон қадрдонӣ шуд
Убайдуллоев дар Петербург дар мавзӯи мубориза бо тероризм суханронӣ мекунад
Иҷлосияи нуҳум бо қарори Рустам: ваколати Маҳмадсаид Убайдуллоев қатъ шуд
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Наздики 100 ҳазор кас дар Қазоқистон мубталои COVID - 19 шуданд

21
(Таҷдидшуда 18:52 09.08.2020)
Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Теъдоди беморони коронавируси навъи COVID - 19 дар Қазоқистон наздики 100 ҳазор нафар шуд, хабар медиҳад Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон.

Бино ба гузориши расмии ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст.

"Дар кишвар 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст - аз ин ҳисоб 444 ҳолат бо нишонаҳо ва 428 кас бе нишона қайд шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр то нисфирӯзии 9 август, шумораи умумии маризони коронавирус то 98,7 ҳазор кас расид.

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

Тибқи иттилои манбаъ, пизишкон дар давоми ҳамагирии коронавирус тавонистанд беш аз 72 ҳазор касро табобат кунанд. 

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

Дар баробари ин аз аввали моҳи август дар кишвар 12 110 ҳолат сабт шудааст, ки нишонаҳояш ба бемории коронавирус монанд аст.

21
Барчаспҳо:
беморон, вируси нав, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Андӯҳи маорифи Хуҷанд аз даргузашти мудири кӯдакистон аз беморӣ

562
Даргузашти нобаҳангоми Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистон аҳли маорифчиёни Хуҷандро андуҳгин намудааст. Ризоева субҳи 8 август бар асари бемории саратон дар бемористони Хуҷанд ҷон ба Ҳақ супурдааст

ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Идораи маорифи шаҳри Хуҷанд аз даргузашти Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистони № 37 ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда ба аҳли пайвандони марҳум сабри ҷамил хостааст.

"Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз марги нобаҳангоми бонуи равшанзамир, шахси наҷибу нексиришт, Аълочии маорифи Тоҷикистон Маърифатхон Ризоева сахт андуҳгин буда, ба аҳли байт ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил мехоҳад”, - гуфта шудааст дар тасаллиятнома.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Маърифатхон Ризоева ҳамагӣ 47 сол (1937 таваллуд шудааст) дошта, баъд аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таҳсил карда, дорои ихтисосҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, ҳуқуқшинос, равоншинос ва мутахассиси муассисаҳои томактабӣ гардидааст.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

Фаъолияти кории худро дар кӯдакистони №33 и Хуҷанд оғоз намуда, баъдан ба ҳайси мушовири муассисаҳои томактабии шуъбаи маориф, мудири кӯдакистонҳои №7 ва 37 идома додааст.

67 – сола: даргузашти Мирзобек Каримов, собиқ сардори БДА – и Душанбе ва Суғд

Бар пояи иттилоъи Идораи маорифи Хуҷанд ӯ барои саҳми назаррас дар раванди таълиму тарбияи насли наврас борҳо бо ҷоизаҳо аз ҷумла бо унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадршиносӣ гардидааст.

562
Барчаспҳо:
даргузашт, ҳамдардӣ, Хуҷанд