Самолет Су-24 на совместных учениях российских и таджикских военных на военном полигоне Ляур

Русия ва Тоҷикистон дар кӯҳистон размоиш баргузор мекунанд

36
(Таҷдидшуда 18:31 18.05.2017)
Ягоне аз ҳавопаймоҳои ҷангандаи Русия дар размоиши байналмилалии "Душанбе - Антитеррор - 2017" дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Сухангӯи Минтақаи низомии марказии Русия аз интиқоли ягоне аз бумбафканҳои "Сухой — 24М" ба Тоҷикистон барои ширкат дар размоиши артишиёни ду кишвар хабар дод.

Размоиши артишҳои Русия ва Тоҷикистон аз 30 май то 1 июн баргузор хоҳад шуд ва бумбафканҳои "Сухой — 24М" ҳамалоти ҳавоӣ ба корвонҳо, анборҳои тадорукотӣ ва урдугоҳҳои теруристҳои фарзиро машқ хоҳанд кард.

"Ягоне аз ҷангандаҳои бумбафкан аз пойгоҳи ҳавоии "Шагол" дар маркази Русия бархоставу беш аз 3 ҳазор килуметр роҳро паймуд ва дар фурӯдгоҳи низомии "Айнӣ" ба замин нишаст", — гуфт сарҳанг Ярославл Рошупкин.

Вай афзуд, дар ин размоиш низомиёни Русия ва Тоҷикистон равишҳои ҳамкунишии нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ дар ҷанг бо гурӯҳҳои теруристӣ дар кӯҳистон ва анҷоми амалиёти сулҳбониро тамрин хоҳад кард.

Низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размишгоҳи Лоҳур
© Фото : Официальный сайт 201 РВБ в Facebook

Ёдоварӣ мекунем, ки охирин размоиши артишҳои Русия ва Тоҷикистон, ки дар авохири моҳи март дар вилояти Хатлон баргузор шуда буд. Дар он размоиш камубеш 50 ҳазор сарбозу афсари захираи Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомии Русия ширкат карда буданд.

Муовини аввалини фармондеҳи Нерӯҳои зудвокуниши Тоҷикистон Ҷаҳонгир Нурализода он размоишро густардатарин размоиш дар 25 соли гузашта шумурда буд. Дар он размоиш равишҳои барномарезии амалиётӣ, фармондеҳии воҳидҳои зарбатӣ ва ҳамоҳангиву ҳамкуниши нерӯҳои ҳавоии Русия ва нерӯи заминии Тоҷикистон барои мубориза бо гурӯҳҳои теруристӣ тамрин шуда буд.

36
Барчаспҳо:
размоиш, Русия-Тоҷикистон
Мавзуъ
Артиш дар вилояти Суғд размоиш баргузор мекунад
ВКД Тоҷикистон: бо нерӯҳои Амрико рангоҷанг дорем, на размоиш
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

1741
(Таҷдидшуда 20:58 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

1741
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

556
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 24 соати гузашта 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  7827  нафар баробар гардид.

"То санаи  10 август дар мамлакат  6614  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

556
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон