Призывники перед отправкой на военную службу, архивное фото

Ҳавопаймоҳои русӣ сарбозони тоҷикро ба подгонҳояшон расонданд

72
Ҳавопаймоҳои Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия тозасарбозони Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба подгонҳояшон дар кӯҳистон расонданд

ДУШАНБЕ, 25 маай — Sputnik. Низомиёни Русия Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро дар расондани беш аз ҳазор тозасарбоз ба маҳалли анҷоми хидмати низомӣ дар манотиқи дурдасти кӯҳистон ёрӣ доданд.  

Бино ба гузориши Вазорати дифоъи Русия, Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба далели баста будани роҳҳои заминӣ ба кӯҳсорон аз ҳамкорони русашон дархости ёрӣ карда ва ин сарбозон бо ҳавопаймоҳои Ил-76 ва чархболҳои Ми-8 Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ба он манотиқ бурда шудаанд.

Ин сарбозон дар паи иҷрои барномаи даъвати шаҳрвандон ба хидмати низоми вазифа ба Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастаанд. Ин барнома ҳарсола аз оғози моҳи апрел то анҷоми моҳи май баргузор мешавад.

Имсол калонтариҳои низомии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ин барномаро пеш аз анҷомаш иҷро карданд. Яке аз далоили иҷрои зудҳангоми ин барнома ин аст, ки мақомоти шаҳрӣ ва вилоятӣ худ раванди даъвати шаҳрвандон ба артишро назорат мекарданд. Чунончи, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ калонтариҳоро муваззаф карда буд аз саркашии ҷавонон аз хилдмати сарбозӣ бо чораҳои қонунӣ пешгирӣ кунанд.

72
Барчаспҳо:
сарбозӣ, Вазорати дифоъ, Тоҷикистон-Русия
Мавзуъ
Вилояти Суғд нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Нерӯҳои Мусаллаҳ 100 дарсад иҷро кард