Данальд Трамп с женой и дочкой на встрече с Папой Франциском в Ватикане

Рози ҳиҷоби Мелания Трамп дар Ватикан ва беҳиҷобӣ дар Арабистон

394
(Таҷдидшуда 13:52 25.05.2017)
Мелания ва Иванка Трамп дар маросими дидор бо Попи Рум Франсис дар Ватикан рӯсарӣ ба сар карданд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба ҳамроҳи ҳамсараш Мелания, духтараш Иванка ва домодаш Ҷаред Кушнер дар Ватикан бо Попи Рум Франсис дидор карданд.

Бино ба ташрифоти Ватикан, ҳамсар ва духтари раисҷумҳури Амрико Мелания ва Иванка Трамп пироҳанҳои сиёҳ пӯшида буданд ва рӯсарӣ ба сар карданд.

Расонаи инглисии "The Week" бо интишори гузорише далоили ҳиҷобпӯшии Мелания Трамп дар Ватикан ва беҳиҷобияш дар Арабистонро баррасӣ кардааст.

Ин расона навиштааст: "Ҳарчанд риояти ҳиҷоб дар Арабистон илзомӣ аст, Мелания Трамп ҳангоми сафар ба ин кишвар, ин аслро нодида гирифт. Вале ӯ дар дидор бо Попи Рум Франсис мӯйҳояшро бо рӯсарие пӯшонда буд, ҳарчанд Калисои катулик на ҳиҷобро илзомӣ медонад ва на ба риояти он ташвиқ мекунад".

Президент США Дональд Трамп с первой леди Меланией на встрече с королем Саудовской Саудовской Аравии
© REUTERS /
Президент США Дональд Трамп с первой леди Меланией на встрече с королем Саудовской Саудовской Аравии

"Иванка Трамп низ, ки ба дини яҳудӣ гаравидааст, дар ин дидор мӯёҳояшро бо рӯсарии сиёҳе пӯшонда буд, вале дар сафар ба Арабистон беҳиҷоб буд", — афзудааст ин расонаи инглисӣ.

Ин расона навишта, ки "Мелания Трамп чун словенитабор асту дар сарзамине католикмазҳаб бузург шуда, ба калисо умуман ва Ватикан хусусан эҳтиром дорад".

"Мелания Трамп муътақид аст, ки ҳатто ҳангоми вуруд ба калисоҳои хурду рустоӣ низ бояд рӯсарӣ ба сар кунад, пас табиъист, ки ҳангоми дидор бо Попи Рум низ ҳамин корро кунад", — овардааст ин расона.

Аммо бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ дар кишварҳои мусулмоннишин беҳиҷобии ҳамсару духтари раисҷумҳури Амрико дар сафар ба он кишварро тавҳин ба ислому арзишҳои мусулмонӣ гуфтаанд. Аз он ҷумла бархе аз корбарони тоҷики яке аз шабакаҳои иҷтимоъӣ беҳиҷобии ҳамсару духтари Доналд Трампро ба шиддат накӯҳиш ва сарони Арабистони Саъудиро муттаҳам ба "гузоштани арзишҳои исломӣ зери пои Амрико" кардаанд.

394
Барчаспҳо:
беҳиҷобӣ, ҳиҷоб, Мелания Трамп, Доналд Трамп, Амрико
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон дар дастфишорӣ Доналд Трампро шикаст дод
Рақси Доналд Трамп бо шамшер дар Арабистони Саудӣ
Ноҳор бо Трамп ва дидор бо Мирзиёев: Раҳмон ба Арабистони Саудӣ меравад
Пожилой мужчина в кепке

Шифо ёфтани пирамарди 109 сола дар Эрон аз коронавирус

56
Пирамарди 109 - сола, ки давоми як ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт, ахиран шифо ёфт ва аз бемористон мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Эрон пирамарди 109 солаи мубтало ба коронавирус тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад, хабар медиҳад ИРНА.

Ба иттилои манбаъ, бемори 109 - сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

Қайд мегардад, ки то рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони коронавирус дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта  аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

56
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, пирамард, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Люди в масках в городе

Омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз

950
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди фавт сироят ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро мунташир намуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба ҳамин минвол, шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Баъди марги боз як нафар: сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфт - омори расмӣ

Манбаъ меафзояд, то имрӯз дар мамлакат 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд. Ҳамчунин шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст ва теъдоди умумии қурбониён 55 нафар арзёбӣ мешавад.

"Шабонарӯзи охир 196 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 61 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — таъкид мешавад дар хабар.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

950
Барчаспҳо:
омор, Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон