ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дорад имсол нерӯгоҳҳои барқобии "Норак" ва "Қайроққум"-ро бозсозӣ кунад.
Барои бозсозии марҳилаи аввали НБО "Норак" 3 милёрд сомонӣ баробар бо 350 милюн дулор ва барои марҳилаи аввали НБО "Қайроққум" 600 милюн сомонӣ баробар бо 68 милюн дулор ҳазина хоҳад шуд.
Тоҷикистон як моҳ пеш аз Бонки ҷаҳонӣ 225,7 милюн дулор сармоя барои тарҳи НБО "Норак" дарёфт карда буд, ки ҷаҳоряк аз он маблағ грант ва сеяк аз он эътибори молӣ аст.
Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин дар назар дорад сармоягузории эътиборӣ дар заминаҳои барқу кишоварзӣ ва пуштибонии молӣ аз будҷаи давлатӣ ва бахши иҷтимоъии Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Ёдоварӣ мекунем, ки НБО "Норак" соли 1961 сохта шуда ва НБО "Қайроққум" дар соли 1957 бунёд шудааст.
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.
Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.
Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.
ДУШАНБЕ, 28 фев - Sputnik. Маводи номаълум сабаби марги панҷ донишҷӯ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд шуд, хабар дод дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, донишҷӯён якҷоя дар хонаи хусусӣ дар кӯчаи Инжободи маҳаллаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар бино иҷоранишин буданд.
Манбаъ афзуд, ки ташхисгарон то ҳол натавонистаанд моддаеро, ки боиси марги донишҷӯён шудааст, муайян кунанд.
Дар байни кушташудагон, бино ба иттилои Додситонии кул, се донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи Инҳаи Тошканд ҳастанд. Тафсилоти дигари ҳодиса мушаххас карда мешавад.
Маълум аст, ки додситонии ноҳияи Юнусобод тибқи моддаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рафти тафтишот таҳти назорати Дастгоҳи марказии Додситонии кул қарор дорад.
Қаблан дар вилояти Самарқанд панҷ нафар бо заҳролудшавӣ аз хӯрок дар беморхона бистарӣ шуда буданд. Яке аз онҳо фавтид. Маълум аст, ки дар Самарқанд консервҳои помидор боиси заҳролудшавӣ шудаанд.