Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани моҳи Рамазонро ба шаҳрвандони Тоҷикистон табрик гуфт

85
(Таҷдидшуда 18:24 26.05.2017)
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани моҳи мубораки Рамазонро ба шарҳвандони Тоҷикистон табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар паёме фаро расидани моҳи мубораки Рамазонро ба шарҳвандони Тоҷикистон табрик гуфт.

Вай дар ин паём моҳи шарифи Рамазонро "айёми сабру таҳаммул ва матонату парҳезгорӣ" хонд ва фаро расиданашро ба ҳаммеҳанон табрик гуфт.

"Дар ин моҳи хайру эҳсон ва файзу баракат ба хонадони ҳар кадоми шумо осоишу оромӣ орзу менамоям", — гуфта шуда дар ин паём, ки матнашро дафтари иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ мунташир кардааст.

Дар ин паём ҳамчунин гуфта шуда:

"Барои пайравони дину мазҳабҳои гуногун, бахусус, дини мубини ислом рӯзадорӣ ифодаи ғолибияти рӯҳ бар ҷисм ва худдориву парҳез кардан аз амалҳои зишт мебошад.

Рӯза илова ба тақвияти ирода, инсонро ба ростқавливу накӯкорӣ ва умуман анҷом додани амалҳои писандида раҳнамоӣ мекунад.

Аз ин лиҳоз, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, ки яке аз аркони дини мубини ислом мебошад, тарзи мукаммали парҳезкорӣ шуморида мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ айёми анҷом додани корҳои хайру савоб, аз ҷумла дар бобати дастгирии ниёзмандону дармондагон ба ҳисоб меравад.

Лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки  риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст.

Илова бар ин, анҷом додани корҳои неку писандида ва саховату ҳиммат, худдорӣ кардан аз зиёдаравию исрофкорӣ ва баргузор намудани маросиму маъракаҳои серхарҷ дар дини мубини ислом аз ҷумлаи амалҳои воло ба шумор меравад.

Ин масъала дар каломи осмонии Худованд низ таъкид шудааст: "Ва ҳеҷ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд".

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки садақаи фитр яке аз василаҳои муҳимми дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошад.

Мо бояд фитри рӯза ё садақаи фитрро на ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба касони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон хайр намоем ва дар ин амал низ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем.

Яъне таваҷҷуҳ ба ҳоли муҳтоҷону камбизоатон яке аз рукнҳои асосии рӯзадорӣ мебошад ва ҳар вақте, ки сарватмандон ба чунин шахсон меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар амри хайри тарбияи ятимон саҳми инсондӯстона гузоранд ва барои ҳалли мушкилоту ниёзҳои мардум кӯшиш намоянд, фазои  дӯстиву муҳаббат ва сафову самимият дар байни аъзои ҷомеа густариш меёбад ва мустаҳкам мегардад.

Инчунин, анҷом додани дигар корҳои хайр, аз қабили ба ягон маҳалли зист об овардан, мактаб ё муассисаи тиббие бунёд ё таъмир кардан ва қитъаи роҳеро тармим намудан чӣ қадар мушкили одамонро осон мегардонад.

Бо изҳори итминон, ки Рамазони имсола низ барои ҳамватанони азизи мо айёми иҷрои амалҳои нек хоҳад гардид, бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мардуми кишвар муборакбод гуфта, ба ҳар фарди Ватан хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Бигзор, моҳи мубораки Рамазон боиси таҳкиму тақвияти сулҳу субот, оромиву осоиш ва файзу баракат дар диёри мо ва хонадони ҳар як сокини кишвар гардад.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!"

85
Барчаспҳо:
паём, табрик, рӯзадорӣ, рӯза, Рамазон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Марзбони тоҷик, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

493
(Таҷдидшуда 22:44 25.10.2020)
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии КДАМ, рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

"Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Манбаъ афзуд, хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан бо нашри як изҳорот гуфт, марзбонҳои қирғиз барои ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба ҳаво тир холӣ карданд.

493
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Тоҷикистон
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото

Баҳс ва тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - шарҳи ҷонибҳо: аксу видео

670
(Таҷдидшуда 22:15 25.10.2020)
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон аз моҷаро дар марз бо Тоҷикистон ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғиз хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik.  Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки баъди зуҳри 25 октябр, тақрибан соати 16:45, шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳаллаи Уч-Добои ноҳияи Бодканд лӯлаи об гузаронданӣ буданд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Манбаъ афзуд, ки ба ҷои ҳодиса ҳайати марзбонҳои қирғиз ҳозир шуда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостаанд, ки корҳоро дар қисмати аломатгузоринашудаи марз қатъ кунанд.

Кор дар қаламрави Тоҷикистон буд: КДАМ тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

Аммо сокинони деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон мегӯянд, ба иваз кардани лӯлаи куҳна бо нав дар назди хонаи омӯзгори маҳаллӣ машғул буданд, ки марзбонҳои қирғиз омада ба тирпаронӣ оғоз карданд. Дар навори нашркардаи корбарон, марзбонҳои қирғиз дар ҳоле тирпаронӣ мекунанд, ки марде дар хитоб ба онҳо мегӯяд, он ҷо сокинони мулкиянд.

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара низ моҷарои 25 октябр ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро иғво хонда, афзудааст, ки сокинони Хоҷаи Аъло ба иваз кардани лӯлаи куҳна ба нав машғул буданд.

Аммо ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, атбои Тоҷикистон ба талаботи марзбонҳо итоат накарда, бо онҳо вориди баҳси лафзӣ шудаанд.

“Бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии низомиён ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ марзбонҳо маҷбур шуданд ба ҳаво тирҳои огоҳкунандаро холӣ намоянд”, - тавзеҳ додааст Хадамоти марзбонии  Қирғизистон.

Манбаъ илова намудааст, ки феълан корҳо қатъ шуда, намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот гузаронда истодаанд.  Вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад.

670
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, моҷаро, Қирғизистон, Тоҷикистон