Общественный транспорт в Ташкенте

Тоҷикистон мехоҳад мусофирбарии заминӣ бо Узбакистонро аз сар гирад

70
Тоҷикистон чашм ба роҳи посухи Узбакистон аст то рафту омад бо автобусҳо миёни ду кишварро аз сар гиранд

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Мусофирбарии заминӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон эҳтимолан ба зудӣ аз сар гирифта мешавад.

Бино ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, Алиҷон Валиев, намояндаи ширкати "Asian Express Terminal", гуфта ки ин ширкат музокиротро барои оғози мусофирбарӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон бо автобусро шурӯъ кардааст.

"Ширкати "Asian Express Terminal" бо масъулини сафорати Узбакистон музокира карда ва мунтазири посухи Тошканд аст", — гуфтааст Алиҷон Валиев.

Вай афзуда, дар сурати пазируфтани пешниҳоди ин ширкат аз сӯи Узбакистон, аз тирамоҳи имсол мусофирбарӣ дар масири Душанбе — Тошканд — Душанберо оғоз карда ва ҳамчунин тоҷиконро ба Самарқанду Бухоро хоҳанд бурд.

Ин масъули ширкати "Asian Express Terminal" гуфтааст, ки боз шудани роҳи мусофирбарҳо аз Тоҷикистон ба Узбакистон роҳ то Русияро низ наздиктар мекунад. Ҳамакнун автобусҳои ин ширкат аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия аз қаламрави Қирғизистон мераванд, ки роҳе дуру душвор аст.

70
Барчаспҳо:
мусофирбарӣ, таробарӣ, Asian Express Terminal, Алиҷон Валиев, Тоҷикистон-Узбакистон
Мавзуъ
Ҳунарнамоии фарҳангиёни Узбакистонро дар Турсунзода 15 ҳазор кас тамошо кард
Муовини вазири Узбакистон: дӯстии тоҷику узбак аз Ҷомӣ ва Навоӣ оғоз ёфт
Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон оғоз ёфт
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

22
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

22
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.

Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Эрон аз 32 ҳазор нафар гузашт

12
(Таҷдидшуда 17:04 25.10.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон мегӯяд, ба ҳолати 24 октябр теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус дар ин кишвар ба 32 ҳазору 320 нафар расид

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди гирифторони коронавирус дар кишварро ҳудуди 563 ҳазор нафар арзёбӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо Содоти Лорӣ рӯзи шанбе гуфт: "Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта пан ҳазору 814 бемори ҷадиди коронавирус Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 169 нафар бистарӣ шуданд ва  ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд."

Лорӣ афзуд, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 562 ҳазору 705 нафар расидааст, ки то кунун 450 ҳазору 891 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ӯ илова намудааст, ки мутаассифона дар 24 соати гузашта 335 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 32 ҳазору 320 нафар расидааст.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 42 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 31 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

12
Барчаспҳо:
вируси корона, вируси нав, Эрон