Мулоқоти Насим Олимзода бо Катрин Оллерс

Насим Олимзода дар Олмон иҷрои тарҳҳои беҳдоштиву иҷтимоъиро баррасӣ кард

42
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода дар раванди сафар ба Олмон бо раиси бахши олмонии Кумисюни ҳамкориҳои фанниву иқтисодии Тоҷикистону Олмон Катрин Оллерс ва мудири минтақаии Бонки рушди Олмон (KfW) Олаф Зимелка дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Насим Олимзода дар мулоқот бо Катрин Оллерс, ки дар шаҳри Бонн баргузор шуда, аз ҷониби олмонӣ барои пуштибонии ҳамаҷониба дар рушди бахшҳои иҷтимоии Тоҷикистон, бавижа бахши тандурустӣ, сипосгузорӣ кардааст.

"Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон бо дастгирии мустақими молии кишвари Олмон тарҳҳое дар заминаи ҳифзи саломати модару кӯдак, пешгирӣ аз бемории сил, муҷаҳҳаз кардани бемористонҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи олмонӣ иҷро мешаванд", — гуфта шуда дар гузориши дафтари иттилоърасонии ВКХ ҶТ.

Олимзода ва Оллерс ҳамкориҳои ду кишваро "судманду муҳим" арзёбӣ карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар иҷрои тарҳҳои иҷтимоъӣ, бавижа дар заминаи беҳдошту ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ эълом кардаанд.

ВКХ ҶТ ҳамчунин иттилоъ дода, ки Насим Олимзода дар шаҳри Франкфурти лаби Майн бо мудири минтақаии Бонки рушди Олмон (KfW) Олаф Зимелка низ мулоқот кардааст. Дар ин дидор масъалаҳои вобаста ба тарҳҳое, ки бо пуштибонии молии Бонки рушди Олмон дар бахшҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, баррасӣ шуданд.

Дар ин дидору мулоқотҳо сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов низ ширкат доштааст.

42
Барчаспҳо:
ҳамкориҳои фаннӣ-иқтисодӣ, Олаф Зимелка, Маликшо Неъматов, Катрин Оллерс, Насим Олимзода, Тоҷикистон-Олмон
Мавзуъ
Таҳсили ройгон дар Олмон: озмун барои донишҷӯёни тоҷик
Умеди Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкориҳо бо Олмон