“Ҳазорвожаи чаҳорзабонаи пизишкӣ (форсӣ – инглисӣ – русӣ – тоҷикӣ)

Фарҳанги "Ҳазорвожаи чаҳорзабонаи пизишкӣ (форсӣ - инглисӣ - русӣ - тоҷикӣ)" мунташир шуд

138
(Таҷдидшуда 19:12 30.05.2017)
Ин фарҳанг вожаҳои пизишкӣ, улуми пояи пизишкӣ, дандопизишкӣ, шунавоипизишкӣ, улуми саломат ва домпизишкиро дар бар дорад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ҳадаф аз таълифи ин фарҳанг ошно кардани коршиносони ҳавзаҳои пизишкии Тоҷикистону Эрон бо шеваҳои вожагузинии якдигар ва маводу равишҳои гуногуни вожасозӣ барои истилоҳоти илмии урупоӣ, умдатан инглисӣ ва русӣ, аст.

Чуноне ки Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон иттилоъ додааст, китоби "Ҳазорвожаи чаҳорзабонаи пизишкӣ (форсӣ — инглисӣ — русӣ — тоҷикӣ)" ба кӯшиши гурӯҳи вожагузинии ин ниҳод ва Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон гирдоварӣ шуда ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ — тоҷикии Сафорати Эрон дар Душанбе онро мунташир кардааст.

Ин фарҳанг вожаҳои пизишкӣ, улуми пояи пизишкӣ, дандопизишкӣ, шунавоипизишкӣ, улуми саломат ва домпизишкиро дар бар дорад. Барои осонсозии корбурди он барои корбарони тоҷик, афзун бар муодилҳои форсӣ ва лотини вожаҳо, нависагардони таърифҳои форсӣ ба хатти тоҷикӣ, муодилҳову таърифҳои тоҷикӣ ва муодилҳои русӣ низ дар он оварда шудааст.

Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар муаррифии ин вожанома ёдоварӣ карда, ки дар соли 2014 ба манзури амалӣ кардани ҳамкориҳои истилоҳшинохтии Эрону Тоҷикистон, ёддошти тафоҳуме миёни Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон ба имзо расид, ки интишори фарҳангҳо ва вожаномаҳои илмии чандзабона бахше аз он буд.

Ин фарҳанг ки дар чорчӯби иҷрои барномаҳои ёдшуда тадвин гардида, бар асоси ҷилди аввали китоби "Ҳазорвожаи пизишкӣ" шакл гирифта, ки Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар соли 2010 мунташир кардааст.

"Ду миллати Эрон ва Тоҷикистон ҳар ду ба як забон сухан мегӯянд ва ин сармояи бузургест, ки метавонад роҳро барои ҳамкориҳои фарҳангиву илмиву иқтисодӣ миёни ду давлату миллат ҳамвор кунад", — таъкид шуда дар хабари Фарҳангистони забону адаби форсӣ.

Обложка книги медицинского словаря на разных языках, архивное фото
© Фото : Persian Academy
Обложка книги медицинского словаря на разных языках, архивное фото

Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда дар ҳавзаҳои ҷомеъашиносии забон ва истилоҳшиносии иҷтимоъӣ, миёни тавсеъаи илмӣ ва тавсеъаи истилоҳшиносӣ робитае мустақим вуҷуд дорад.

Баррасии торихи истилоҳшиносӣ ва вожагузинӣ дар ҳар як аз ду кишвари Эрону Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истилоҳшиносӣ дар ин ду кишвар ҳамвора бо таҳаввулоти илмӣ ҳамгом будааст. Дар Тоҷикистон низ, монанди Эрон, ҷараёни вожагузинӣ бо фарозу фурудҳое рӯбарӯ будааст, бад-ин тартиб ки аз бахши луғатсозӣ ва луғатшиносӣ дар Институти забону адабиёти Рӯдакӣ дар Академияи улум оғоз шуда ва сипас ба таъсиси Кумитаи истилоҳот дар соли 1960 ва саранҷом пас аз тасвиби Қонуни забон ба тасвиби муҷаддад Кумитаи истилоҳот дар соли 1989 анҷомида аст.

Акнун ки забони тоҷикӣ дар кишвари Тоҷикистон чун забони расмӣ мавриди таваҷҷуҳу таъкид қарор гирифта аст, табодули иттилоъоту истилоҳоти илмӣ миёни ду кишвар коре муфиду зарурӣ аст.

138
Барчаспҳо:
фарҳанги истилоҳоти пизишкӣ, ҳазорвожа, Ҳазорвожаи пизишкӣ, Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон, Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, Тоҷикистон-Эрон
Мавзуъ
Истилоҳоти Фарҳангистони забону адаби форсӣ ҷаҳонӣ мешаванд
День 29 октября

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

5
(Таҷдидшуда 20:28 28.10.2020)
Рӯзи 29 октябри соли 2019 рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна, рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст) ва рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон мебошад

Рӯзи 29 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар Русия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон - "Ермак" ба истифода дода шуд.

День 28 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

Соли 1947 аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.

Соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото

Соли 2016 дзюдочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.

Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото
Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2006 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Тоҷикистон боздид кард.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото

Соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

День 27 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро, ки бо пешниҳоди Роҳбари давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, имзо кард.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.

Соли 2016 дар шаҳри Роғун бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Роғун" барпо шуд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон
© Sputnik / Амир Исаев
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Соли 2019 беш аз 400 маҳбус аз муассисаи ислоҳии 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ баромаданд.

Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд
акс аз Sputnik Тоҷикистон
Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ кард.

Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова
© Sputnik / Амир Исаев
Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова узви Маркази интихот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Махфират Хидирзода
© Sputnik Махпора Киромова
Махфират Хидирзода

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.
  • Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).
  • Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон.

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1929-1993 нависанда Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.

Соли 1950 Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ.

Соли 1958 доктори илмҳои иқтисодӣ Ихтиёр Ашуров.

Соли 1963 сароянда Раъно Абдуллоева.

5
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

191
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

191
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия