Соревнования по борьбе куреш, архивное фото

Миллипӯшони тоҷик қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии кураш шуданд

76
(Таҷдидшуда 20:37 09.06.2017)
Паҳлавонони тоҷик дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар Русияро мақоми қаҳрамониро ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дастаи куштигирони миллипӯши Тоҷикистон дар қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Оренбург баргузор шуд, бар ҳама рақибонашон пирӯз шуда, мақоми аввалро ба даст оварданд.

Миллипӯшони Тоҷикистон дар ин мусобиқот 54 имтиёз ба даст овардаанд. Медолҳои зарринро барои кишвар Муҳаммадғуфрон Тошзода дар вазни —68 килуграм ва Достон Почоев дар вазни —90 килуграм овардаанд. Самандар Эрназаров дар вазни +100 килуграм, Абдураҳмон Муҳаммадқулов дар вазни —100 килуграм, Рӯзибой Сафаров дар вазни —82 килуграм ва Абуэҳсон Ашурзода дар вазни —75 килуграм медолҳои брунзӣ ба гардан овехтанд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳонии кураш паҳлавонон аз 8 кишвар рақобат карданд. Миллипӯшони тоҷик дар рақобатҳои дастаӣ 6 медол ба даст оварда ва барои нахустин бор барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ шуданд.

Акнун курашкорони тоҷик барои ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қазоқистон ва Панҷумин бозиҳои Осиёӣ, ки аввалӣ қарор аст дар моҳи июл ва дувумӣ дар рӯзҳои 17 — 27 сентябр баргузор шаванд, омода хоҳанд шуд.      

76
Барчаспҳо:
Ҷоми ҷаҳонӣ, кураш, Ҷоми ҷаҳонии кураш, Тоҷикистон
Мавзуъ
Куштигири навҷавон Ҷаҳонгир Маҷидов қаҳрамони мусобиқоти Ҷоми Урупо шуд
Пуштибонӣ аз куштигир: “Доварони маҳаллбоз дар ҳаққи Комроншоҳ беадолатӣ карданд”
День 15 июля

Ҷашнҳои рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

11
(Таҷдидшуда 20:05 14.07.2020)
Рӯзи понздаҳуми июл Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон буда, дар Ботсвана – Рӯзи президент ва дар Бруней  – Рӯзи султон мебошад

Рӯзи 15 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи 1000-солаи Ҷопон вулқони Бандай фаввора зад.

День 14 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1922 Ҳизби коммунистии Ҷопон таъсис дода шуд.

Соли 1923 Парлумони Италия Конститутсияи нав қабул кард.

Соли 1933 аввалин маротиба яккапарвозӣ бо ҳавопаймо дар гирди кураи Замин оғоз гардид.

Соли 1965 Конгресси ИМА қонунеро қабул намуд, ки талаб мекард дар қуттиҳои сигор ба саломатӣ зиён доштани он навишта шавад.

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Миср дар маросими муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо тарҷума ба забони арабӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар Миср зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Филиппин хонум Глория Макапагал Арройо масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ва  муовини ёвари Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Майкл Макфол масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мавзеи бунёди ин иншоот ба шаҳри Роғун сафар карда, дар он ҷо аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он қариб 40 масъала баррасӣ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 июл

  • Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.
  • Дар Ботсвана – Рӯзи президент.
  • Дар Бруней  – Рӯзи султон.

Рӯзи 15 июл кӣ ба дунё омадааст

1606 — Рембрандт Харменс ван Рейн (соли даргузашт 1669), яке аз рассомони машҳури ҳолландӣ.

1870 — Леонид Красин (соли даргузашт1926), револютсионери русиягӣ, корманди ҳизбӣ.

1905 — Александр Хвиля (фавт 1976), ҳунарманди русиягӣ ва украинӣ, ҳунарманди халқии ИҶШС.

1939 - Алӣ Ҳоманаӣ, сиёсатшиноси эронӣ, президенти Эрон (1981—1989), раҳбари давлат  (аз соли 1989).

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1922 – ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина.

1941 – журналист Нур Табаров.

1948 – журналист Саидқул Шопалангзода.

1953 – журналист ва нависанда Раҳмон Остон.

1954 – нависанда  Баҳманёр.

Рӯзи 15 июл кӣ даргузашт

1904 — Антон Чехов (соли таваллуд 1860), драматург ва нависандаи рус.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ даргузашт

1954 — Садриддин Айни (соли таваллуд 1878), шоир ва нависандаи тоҷик, асосгузори адабиёти муосири тоҷик.

11
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷашн, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Гробы с умершими от заражения вирусом

Афзоиши фавт аз COVID - 19 дар Тоҷикистон: омори тозаи Вазорати тандурустӣ

1065
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи гирифторӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Вазорат, аз 30 апрел то 14 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6643 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5332 нафар ё худ 80,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ дар мамлакат ба 56 нафар расид.

"Давоми шабонарӯзи охир 178 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 54 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

1065
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон, омор
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон