В районе Пянджского погранотряда на таджикско-афганской границе

Марзбонони тоҷик аз қочоқчиён 15 килуграм шоҳдонаро боз ситонданд

69
(Таҷдидшуда 15:47 10.06.2017)
Марзбонони Тоҷикистон гурӯҳе аз қочоқчиёни мусаллаҳро, ки қасд доштанд аз Афғонистон ба қаламрави кишвар бигзаранд, пас заданд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шоми 8 июн дар бахши ҷанубии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон миёни марзбонон ва қочоқчиёни мусаллаҳ задухӯрде сурат гирифтааст.

Марзбонон тавонистаанд ин гурӯҳро, ки мехост шабона марзро рахна карда вориди қаламрави Тоҷикистон шавад, пас гардонанд.

Дар паи бозҷӯии маҳалли задухӯрд марзбонон халтаеро пайдо кардаанд, ки 15 килуграм шоҳдона ё банг дошта ва қочоқчиён қасд доштанд онро ба қаламрави Тоҷикистон ворид кунанд.

Чанде пеш фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қочоқи маводи мухаддирро яке аз таҳдидҳои аслӣ дар марзҳои байналмилалии кишвар дониста буд.

"Яке аз таҳдидҳои асосӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афзоиши қочоқи маводи мухаддир аст, ки даромад аз фурӯши он мавод яке аз манбаъҳои аслии даромади гурӯҳҳои теруристӣ дар ҳудуди Афғонистон ба ҳисоб меравад", — таъкид кард фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии ҶТ.

Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки аз аввали сол то кунун марзбонони тоҷик 32 мавриди марзшиканиро сабт карда, 11 бор бо қочоқчиёни маводи мухаддир мусаллаҳона даргир шудаанд, ки дар натиҷа 8 тан аз онҳо нобуд ва 5 кас боздошт шуда, беш аз 340 килуграм маводи мухаддир, 130 ҷангафзор аз онҳо ситонда шудааст.

69
Барчаспҳо:
марзбонӣ, марзшиканӣ, қочоқ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Нерӯҳои марзбонӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Тоҷикистон-Афғонистон
Мавзуъ
Садои тиру туфанг дар марз бо Афғонистон: тамрин дар "Ҳарб - майдон"
Фармондеҳи марзбонони Тоҷикистон аз авзоъ дар марз бо Афғонистон нигарон аст