Чанде аз бошандагони маҳаллаи Ориёно дар Кӯлоб

Кӯлоб: Даҳсолаи об ва ёздаҳ соли беобӣ

245
(Таҷдидшуда 19:43 16.06.2017)
Масъулини шаҳрдории Кӯлоб ба ҷои ҳалл кардани мушкилот мардумро дашному носазо мегӯянду таҳдид ҳам мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дусад бошандаи маҳаллаи Ориёно ёздаҳ сол боз бе об зиндагӣ ба сар мебаранд, вале масъулини шаҳрдории Кӯлоб дархосту шикояташонро нодида мегирад.

Яке аз бошандагони ин маҳалла — Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik гуфт: "Дар Кӯлоб наздик ба маркази шаҳр зиндагӣ мекунем. Аз соли 2006, аз замоне, ки моро ба ин маҳалла кӯчониданд, то кунун оби ошомиданӣ надорем. Обро аз 2 — 3 килуметр дуртар бо ароба меорем. Кӯдакон дигар аз обкашонӣ маъюб шудаанд".

Абдуллоҳ мегӯяд, ки мардуми маҳалла дар ин солҳо чанд бор пул ҳам ҷамъ кардаву хостаанд худашон лӯлаи обрасонӣ бикашанд.

"Як — ду бор дар ин миён пул ҷамъ кардаву кӯшиши об кашидан карданд, аммо кор фаротар аз лӯлакашӣ нарафт", — тавзеҳ дод вай.

Ба гуфтаи ин ҷавон, ҳар боре, ки бошандагон ба шаҳрдорӣ бо ин мушкилоташон муроҷиъат мекунанд, мақомот онҳоро "бо ваъдаҳои пучу холӣ умедвор мекунанд".

Абдуллоҳ ба нақл аз падараш, ки чанд моҳе раиси ин маҳалла буда, мегӯяд: "Ҳар гоҳ, ки маҷлис мешуд, масъулин гузаштаву баргашта таъкид мекарданд, ки дар бораи камбудҳо дам назанем. "Ҳамааш мешавад", "ҳамааша ҳал мекунем" гуфта ваъдаҳои пучу холӣ медоданд".

Ба гуфтаи вай, масъулин ба ҷои ҳалли мушкили бошандагон онҳоро дашному носазо мегӯянду таҳдид ҳам мекунанд.

"Ду рӯз пеш аз фаро расидани моҳи рамазон мӯйсафедони маҳалла ҳамроҳ бо падарам боз барои матраҳ кардани мушкили беобӣ ба идораи шаҳрдории Кӯлоб рафтанд. Яке аз кормандони шаҳрдорӣ онҳоро дашном додаву ҳатто таҳдид карда, ки дигар ин мушкилро инҷо наоранд. Падарам ҳамон замон аз симаташ даст кашид", — мегӯяд Абдуллоҳ.

"Вақте ки ба Идораи шабакаи обрасонӣ рафтанд дар он ҷо касе ба гапашон гӯш надода "ба Ҳукумат рафта иҷоза гиред. Мо бе иҷозаи онҳо ягон кор намекунем" гуфтанд", — афзуд вай.

Абдуллоҳ мегӯяд "аз беадолативу бемасъулиятии ҳукумати шаҳри Кулоб бисёр метавон гуфт": "Чунончи, дар шаш моҳе, ки падарам раиси маҳалла буд, чандин бор аз раисони маҳалла пул талаб карданд. Барои мисол, барои таъмири бинои мақомоти иҷроия, барои куштани сагҳои бесоҳиб, вале сагҳо ҳамчунон бисёранд ва намедонем кадом сагҳоро онҳо куштанд. Ҳамчунин раисҳоро водор кардаанд барои хатнасури кӯдакони ятим дар Наврӯз аз мардум пул ҷамъ кунанд", — мегӯяд вай.

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз сарватмандони маҳалла бо пули худ ба хонаҳояшон об кашидаанд ва бархе ҳам дар хонаҳояшон махзанҳои об доранд.

"Вале мардуми бенаво, ки тавони хариди чунин бӯшкаҳоро надорад, чӣ кор кунад?", — мепурсад ӯ.

"Дар маҳаллаамон журналистону ҳуқуқшиносон ва соҳибмансабон бисёранд, вале ҳеч кадомашон аз мушкилоти мардум дам намезанад. Шояд тарси аз даст додани мансабашон онҳоро аз гуфтан боз медорад ё тамоман дилашон ба ин мардум намесӯзад", — гила мекунад вай.

Ин ҷавон аз бемасъулиятии ҳукумати шаҳри Кӯлоб шикоят мекунад ва мегӯяд:

"Дар ин 11 сол чанд бор раисони шаҳр иваз шуданд, аммо камбудҳо ҳамчунон мондаанд. Намояндаҳои ҳукумат пеш аз ҳар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ё маҷлисҳо омада мардумро ҷамъ карда аз камбудҳо мепурсанду ваъдаҳо медиҳанд. Аммо пас аз интихобот ҳама ваъдаҳо фаромӯш мешаванд ва мардум бо мушкилоташ танҳо мемонаду намедонад додашро ба кӣ гӯяду мушкилоташро куҷо барад".

245
Барчаспҳо:
камбуди об, обрасонӣ, шаҳрдории Кӯлоб, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Кӯлоб, Тоҷикистон
Мавзуъ
Кӯлоб: мудири мактаб ҳангоми ришваситонӣ боздошт шуд
Дар шаҳри Кӯлоб китобхонаи электронӣ пайдо мешавад
Ҳамла ба корманди КДАМ дар шаҳри Кӯлоб

Вазъи вазнини Қурбон Тӯраев, раиси собиқи Истаравшан

11
Қурбон Тӯраев, собиқ раиси Истаравшан ва вакили ин шаҳр дар Шӯрои Олии Тоҷикистон низ вахим арзёбӣ мешавад. Субҳи имрӯз бародари ӯ, сиёсатмадори маъруф Сайфиддин Тӯраев даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Султон Тӯраев, директори ширкати “Хуросони Истаравшан”, узви дигари хонадони маъруфи Тӯраевҳо дар шаҳри Истаравшан, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи бародари бузургаш низ рӯзҳои ахир ба вахомат гароид.

"Ҳоло он кас таҳти табобати пизишкон ҳастанд ва аз Худованд умедворем, ки ба он кас шифо диҳад”, - гуфт Султон Тӯраев.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

11
Барчаспҳо:
вазъият, раис, Истаравшан
Детская игрушка возле дороги

Духтараки ду сола зери чархи мошини боркаш ба ҳалокат расид

79
(Таҷдидшуда 12:38 30.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуше, ки дар ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифтааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, фавти кӯдаки ду сола зери чархи мошини боркаш санаи 29-уми майи соли равон сурат гирифтаат.

Манбаъ қайд намудааст, ки ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Зил ММЗ-554”, Тошматов Эшонқул Добулович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Қ.Ғиёсови ноҳияи А.Ҷомӣ ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан дар роҳи байнидеҳавии деҳаҳои Б.Ҳилолӣ ва Шерободи ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи мазкур хурдсол Ватаниева Солеҳамоҳ Маҳмадюнусовна, соли таваллудаш 2018, сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса хурдсол, Ватаниева Солеҳамоҳ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир? кормандони милитсия аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабап дода буд, ки  як ронанда дар шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётӣ духтарчаи панҷ соларо дар назди нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиётӣ ба номи “AUTO SPО” пахш намуд.

Дар натиҷа, хурдсол Хайруллоева Нозия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

79
Барчаспҳо:
дӯстӣ, ҳодисаи нохуш, ҳодиса, садама, Тоҷикистон

Лавров Ғарбро барои истифодаи пандемияи коронавирус бо мақсадҳои худ интиқод кард - навор

0
(Таҷдидшуда 01:13 30.05.2020)
Ба гуфтаи Сергей Лавров, кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд аз вазъ истифода баранд, то ки кишварҳои ба худ номувофиқро ҷазо диҳанд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров муносибати кишварҳои Ғарбро ба пандемияи коронавирус маҳкум кард.

Тавре вазири корҳои хориҷӣ дар мақолае барои рӯзномаи чинии Global Times навишт, онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ин вазъ истифода баранд, то ҳукуматҳоеро, ки ба ӯ беэътиноӣ мекунанд, ҷазо диҳанд ва ба кишварҳои ба эпидемия гирифторшуда гирифтани кӯмаки башардӯстона аз Русияро манъ кунанд.

Дар айни замон, худи Ғарб барои шитоб накардани принсипҳои гуманизм дар масъалаи мубориза бо COVID-19 шитоб намекунад. Дар видеои мо дар бораи стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ бештар хонед.  

0
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, ИМА, нав