Эмомалӣ Раҳмон ҳайъате аз Шурои мудирони Бонки рушди Осиёиро пазируфт

© Фото : Пресс служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон
Президент РТ Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиёӣ ҳамкориҳоро дар заминаи пуштибонӣ аз тарҳҳои зерсохтории таробарӣ ва энержӣ густариш медиҳанд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳайъате аз Шурои мудирони Бонки рушди Осиёиро дар Кохи миллат пазируфту дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо он бонкро баррасӣ кард.

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор ҳамкории бистсолаи Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиёиро "ризоятбахш" арзёбӣ кард. Вай ёдоварӣ кард, ки дар ин муддат Тоҷикистон аз БРО беш аз 1,5 милёрд дулор сармоя дарёфт карда, ки онро "калонтарин шарики рушди кишвар" гардондааст.

Тарафҳо дар ин дидор ҳамкориҳои Тоҷикистон бо БРО дар заминаҳои энержӣ, таробарӣ ва пуштибонӣ аз барномаҳои таъмини амнияти хӯрокворӣ аз самтҳои бартаридор дар оянда арзёбӣ карда ва хостори баҳрабардории комил аз имконоти мавҷуд барои беҳбуди равобити дуҷониба шуданд.

Давлати Тоҷикистон ва БРО тавофуқ карданд, ки ҳамкориро дар заминаҳои пуштибонӣ аз тарҳҳои зерсохтории таробарӣ ва энержӣ густариш диҳанд. Чунончи, қарор шуд дар тарҳҳои навсозии роҳи Оби Гарм — Роғун — Нуробод дар шоҳроҳи Ваҳдат — Рашт — марзи Қирғизистон (Ваҳдат — Қарамиқ)  ва нерӯгоҳи барқобии Норак ҳамкориҳо жарфтар шаванд.

Ҳамчунин дигар тарҳҳое, ки тавлиду интиқоли нерӯи барқро меафзоянд ва дар тавсеъаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоъии минтақа нақши калон доранд, низ аз барномаҳои аслии ҳамкорӣ хонда шуданд.

Тоҷикистон ва БРО ҳамчунин қарор доданд, ки дар заминаи ҷалби сармоя барои бартараф кардани пайомадҳои офатҳои табиъӣ дар кишвар ва ҳалли масъалаҳои марбут ба суботи молӣ ва тарози будҷа, ки давлати Тоҷикистон ба он ниёз дорад, ҳамкориҳоро бештар кунанд.

Лентаи хабарҳо
0