Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии худро бо миллату давлати Покистон иброз кард

107
(Таҷдидшуда 12:36 26.06.2017)
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо давлату миллати Покистон ва хонаводаҳои қурбониёни оташсӯзии худрави сӯхтбар дар он кишвар ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёме бо изҳори таъассуф аз куштаву захмӣ шудани садҳо тан аз мардуми Покистон дар оташсӯзии худрави сӯхткашон бо давлату миллати Покистон ва хонаводаҳои қурбониён ибрози ҳамдардӣ кард.

Дар барқияи таслият ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ва нахствазири он кишвар Муҳаммад Навоз Шариф, ки матни онро дафтари итилоърасонии раёсати ҶТ мунташир карда, аз ҷумла омадааст:

"Ҷанобони Олӣ,

Фоҷеаи ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари сӯхтор дар шаҳри Баҳовалпури вилояти Панҷоб боиси андӯҳи амиқи мо гардид. 

Ҳамдардиву таслияти хешро ба  наздикону пайвандони ҷонбохтагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол ба онҳо сабри ҷамил  ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорам".

Ёдоварӣ мекунем, ки дар оташсӯзие, ки дирӯз дар паи вожгун шудани худрави сӯхтбар дар шаҳри Баҳовалпур сар зад, сад чиҳил кас куштаву беш аз панҷоҳ кас сахт захмӣ шуданд.

107
Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, оташсӯзии худрави сӯхтбар, Муҳаммад Навоз Шариф, Мамнун Ҳусайн, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Покистон
Мавзуъ
Сарвазири Покистон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард
Тоҷикистону Покистон: шодбошии раисҷумҳурҳо ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ
Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориҳо дар заминаи обу энержӣ ва дифоъро густариш медиҳанд