Нахустин худравҳои сохти Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шуданд

© Фото : Пресс-служба AllurGroupАвтомобили JAC казахстанской сборки, архивное фото
Автомобили JAC казахстанской сборки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин маҳмула аз худравҳои сохти ширкати қазоқии "СариарқаАвтоПром" ба Тоҷикистон фиристода шуд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ширкати худравсозии "СариарқаАвтоПром" нахустин худравҳои JAC сохти Қазоқистонро барои харидорон дар Тоҷикистон фиристод.

Бино ба гузориши хабаргузории Sputnik Қазоқистон, ин маҳмула, ки барои ширкати тоҷикии "Ҳолдинг Азия Групп Тоҷикистон" фиристода шуда, 55 худравро дар бар мегирад, ки арзиши куллашон камубеш 600 ҳазор дулор аст.

Куллан дар чорчӯби қарордоде, ки ширкати ҳолдинги "Азия Групп Тоҷикистон" бо ширкати қазоқии "СариарқаАвтоПром" баста аст, як ҳазор худрави JAC ба арзиши кулли 10,5 милюн дулор хариду фурӯш хоҳад шуд.

Бар пояи ин қарордод, ки ду моҳ пеш аз ин имзо шуда буд ва 24 милюн дулор арзиш дорад, ширкати қазоқӣ таъаҳҳуд кардааст ду ҳазор худрави савории Peugeot 301 ва JAC S3 ба ширкати тоҷикӣ таҳвил бидиҳад.

Қарор аст, ки ин худравҳо барои мусофирбарӣ дар шаҳрҳо ба кор гирифта хоҳанд шуд.

Қарордоди хариду фурӯши худрав дар паи музокироти намояндагони ширкати бимаи KazakhExport, ширкатҳои худравсозии "СариарқаАвтоПром" ва Hyundai Trans Auto бо масъулини тоҷикӣ имзо шуда буд.

Пеш аз ин ширкати тоҷикии "Тоҷ Моторс" ва ширкати худравсозии "Узсавтосаноат" дар бораи хариду фурӯши худрав ба тавофуқ расида буданд.

Ин тавофуқ дар чорчӯби ҳамоиши бозаргоние ба даст омад, ки дар ҳошияи нахустин намоишгоҳ-фурӯшгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Душанбе баргузор шуд. Тавофуқномаи хариду фурӯши худравҳои савориро мудири ширкати "Тоҷ Моторс" Зиё Алигулов ва мудири иҷроии ширкати саҳҳомии "Узавтосаноат" Сарвар Қодиров имзо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0