Таджикские школьники

Омӯзгорони доғистонӣ мехоҳанд донишомӯзони тоҷикро савод биёмӯзонанд

58
(Таҷдидшуда 13:40 04.07.2017)
Доғистон гурӯҳе аз омӯзгоронии забони русӣ, риёзӣ, улуми роёна, зистшиносӣ, физика ва кимиёро ба Тоҷикистон мефиристад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазорати омӯзишу парвариши Ҷумҳурии Доғистон гурӯҳе аз омӯзгоронро барои як сол ба Тоҷикистон мефиристад.

Бино ба санаде, ки Sputnik Тоҷикистон дар ихтиёр дорад, Вазоарти омӯзишу парвариши Доғистон гурӯҳе аз омӯзгорони забони русӣ, риёзӣ, улуми роёна, зистшиносӣ, физика ва кимиёро ба мактабҳои Тоҷикистон хоҳад фиристод.

Довталабони доғистонӣ бояд на камтар аз 5 сол омӯзгорӣ карда бошанд. Омӯзгорон барои як сол ба Душанбе эъзом мешаванд ва дар сурати муваффақият метавонанд қарордоди худро тамдид кунанд.

Бар асоси қарордоди дуҷониба, Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки омӯзгоронро хонаву дар ва моҳиёна 14 ҳазор рубл ҳуқуқ бидиҳад. Русия низ ин омӯзгоронро бима хоҳад кард ва моҳиёна 60 ҳазор рубӣӯл ҳуқуқ хоҳад дод.

Коргумории омӯзгорони русӣ дар Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқи ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар ҷараёни дидори раҳбари Доғистон аз Душанбе дар моҳи майи имсол амалӣ мешавад. Ин иқдом ба ҳадафи беҳбуди кайфияти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, афзоиши шумораи мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими равобити илмиву фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.

Тоҷикистон борҳо аз Русия дархост карда буд, ки барои мактабҳояш омӯзгорони забони русӣ бифристад.

58
Барчаспҳо:
мактаб, савод, донишомӯзӣ, Вазорати омӯзишу парвариш, Тоҷикистон-Доғистон
Мавзуъ
Доғистон ва Суғд ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш медиҳанд
Раҳбари Доғистон Рамазон Абдулатипов ба вилояти Суғд омад
Дидори Раҳмон бо Абдулатипов: доғистониҳо тоҷиконро забонӣ русӣ ёд медиҳанд
Раисҷумҳури Доғистон бо Эмомалӣ Раҳмон дидор мекунад
Женщина в таджикском национальном костюме и маске

ТУТ: пӯшидани ниқоб дар Осиёи Марказӣ  ҷони беш аз 200 ҳазор нафарро наҷот медиҳад

0
(Таҷдидшуда 16:14 25.10.2020)
Пешгирии издиҳом, нигоҳ доштани фосилаи ҷисмонӣ, пок нигоҳ доштани дастон, ҷудо кардани гумонбарон, ҳолатҳои эҳтимолӣ ва тасдиқшуда ва карантин кардани тамосҳои онҳо бояд ба як одат ҳамарӯза табдил ёбад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳафтаҳои наздик интизор меравад,  шумораи беморони нави гирифтори COVID-19 дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзоиш ёбанд, гуфт Бахтигул Карриева, намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон.

Ӯ ҳамзамон гуфтааст, афзоиши марг низ дар заминаи ин беморӣ аз эҳтимол дур нест.

Намояндаи СУТ афзуд, ки вазъ метавонад дар ҳолати мубоширати бевоситаи одамон ва интиқоли вирус ба нафарони солхӯрда якбора бад шавад.

"Пешбиниҳоде, ки тавассуди намунаи эпидимиологии боэътимод ба даст оварда шудаанд, хурсандиовар нест. Бино бар ин намунаҳои, бардошта шудани маҳдудиятҳо метавонанд ба он расонанд, ки моҳи январи соли 2021 нишондодҳои марг аз коронавирус назар ба моҳи апрел 4-5 маротиба бештар шавад", - тавзеҳ дод коршинос.

Ба гуфтаи вай, муҳим аст, ки талаботи санитарию гигиениро сарфи назар накунем ва ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшем, зеро онҳо метавонанд то моҳи феврали соли 2021 беш аз 200 ҳазор ҷони одамонро наҷот диҳанд.

Мутахассис илова кард, ки маҳдудиятҳои шадидтар дар мубориза бо пандемия самарабахштар хоҳанд буд.

Муҳим: тавсияҳои ТУТ барои гирифтор нашудан ба "коронавирус"

Пешгирии издиҳом, нигоҳ доштани фосилаи ҷисмонӣ, пок нигоҳ доштани дастон, ҷудо кардани гумонбарон, ҳолатҳои эҳтимолию тасдиқшуда ва қарантин кардани тамосҳои онҳо-ин  чизест, ки бидуни гуфтан бояд риоят шавад, хулоса кард Карриева.

0
Барчаспҳо:
пешгирӣ, тадобир, вируси корона, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Тоҷикистон
Японские граждане в масках

Олимони Ҷопон нишон доданд, ки коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад - навор

148
(Таҷдидшуда 15:41 25.10.2020)
Олимони Ҷопон нишон доданд, ки дар сурати напӯшидани ниқоби тиббӣ, коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад ва одамони солимро сироят мекунад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ниқоби тиббӣ муассиртарин "силоҳ" барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад. Инро бори дигар олимони ҷопонӣ собит намуданд.

Онҳо зимни як таҳқиқот муайян намуданд, ки нафари мубтало бо коронавирус, дар сурати напӯшидани ниқоби тиббӣ чӣ гуна вирусро паҳн мекунад. Вирус аснои сӯҳбат кардан ва ё суруд хондану сулфидан, зуд ба атроф паҳн мешавад.

Чун паҳншавии ин вирус бо чашм ноайн аст, аз ин рӯ аксар одамон пӯшидани ниқоби тиббиро, роҳи ҳалли пешгирӣ аз ин дард намебинанд. Онҳо бехабар аз онанд, ки вирус дар сурати напӯшидани ниқоб, бо чӣ гуна суръат паҳн мешавад.

Як фавт ва 40 маризи нав: омори коронавирус дар Тоҷикистон барои имрӯз

Бо мақсади ба таври равшан нишон додани шиддати паҳншавии COVID-19, олимони Ҷопон рӯ оварданд ба технологияҳои навин. Барои ин, муҳаққиқон ба имкониятҳои суперкомпютери Fugaku, ки намоиши ҳаракати зарраҳои вирусиро дар лаҳзаи сухан гуфтан, суруд хондан ва ё сулфа кардани одам нишон медиҳад, рӯ оварданд.

"Агар мо нишон диҳем, ки чӣ гуна вирус метавонад паҳн шавад ва онро бо тамоми ҷаҳон мубодила кунем, пас шояд одамон ҷиддияти таҳдидро мустақилона тасаввур кунанд ва аз нуқтаи назари илмӣ андешанд, ки чӣ гуна чораҳо пешгирикунандаро андешид", - гуфт роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ, профессор Kobe University & RIKEN Макото Субокуро.

Гузашта аз ин, олимон риоя кардани фосилаи иҷтимоиро низ зарур медонанд. Ба изҳори онҳо, вирус аснои суҳбат ва сулфа кардан, дар сурати риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ ба замин меафтад ва қобилияти аз замин боло шуданро надорад.

148
Барчаспҳо:
навор, маризӣ, олимон, Ҷопон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон