Ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр, акс аз бойгонӣ

Куштигирони тоҷик аз Ҷоми Осиё бенасиб монданд

768
(Таҷдидшуда 21:50 06.07.2017)
Комроншоҳ Устопириён ва Саидҷалол Саидов шонси ширкат дар Ҷоми Осиёро аз даст доданд. Ин ду куштигири тоҷик ба далели таъхири парвози "Сомон Эйр" ба Тайбей нарасиданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Комроншоҳ Устопириён дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ ва Саидҷалол Саидов бояд шоми 5-уми июл аз Душанбе ба Дубай парвоз мекарданд ва аз он ҷо бо парвозе дигар ба Тайбей мерафтанд то дар мусобиқоти Ҷоми куштии Осиё ширкат кунанд.

"Парвоз бояд соати 17:00 сурат мегирифт, аммо эълон карданд, ки як соат дертар анҷом мешавад, сипас гуфтанд ду соат таъхир мекунад ва саранҷом ҳавопаймо пас аз 9 соат ба Дубай парвоз кард", — тавзеҳ дод вай.

Ба гуфтаи Комроншоҳ, варзишкорон чанд бор аз масъулини ширкат пурсуҷӯ карданд.

"Мо чанд бор назди намояндагони ширкат рафтем ва гуфтем, ки мо ба сабқат дер мекунем, аммо посухашон ин буд, ки ҳаво барои парвоз мусоид нест", — гуфт Комроншоҳ.

Дар ин миён парвоз аз Дубай ба Тайбей сурат гирифту Комроншоҳ ва Саидҷалол аз ширкат дар мусобиқот маҳрум монданд.

Комроншоҳ гуфт, ин сабқат ҳар сол дар моҳи июл сурат мегирад.

"Имсол насиб набудааст, ки дар сабқат ширкат кунем. Худо хоҳад соли дигар ширкат хоҳем кард", — гуфт вай дар суҳбат бо мо.

Чанде пеш Комроншоҳ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ҳоло барои мусобиқаи Ҷоми Осиё омода мешавад, ки ширкат дар он барояш имтиёзҳоеро барои роҳёбӣ ба Бозиҳои олимпӣ хоҳад дод.

768
Барчаспҳо:
варзишкор, парвоз, Сомон Эйр, Тоҷикистон

Бадтар аз коронавирус: пизишки рус эмидемияи нави мудҳишеро пешбинӣ мекунад

331
(Таҷдидшуда 21:08 29.11.2020)
Доктор Александр Мясников, пизишки номии рус эпидемияи мудҳишеро, ки бадтар аз коронавирус хоҳад буду ҷони нафарони зиёдеро хоҳад бурд, пешбинӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба ҷаҳон хатари эпидемияи нави ҷиддие, ки қурбониёни зиёде хоҳад дошт, таҳдид мекунад, пешбинӣ мекунад пизишк Александр Мясников, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи вай, ҳамагирии навбатӣ бадтар аз коронавирус хоҳад буд.

Дар робита бо ин, ӯ даъват кардааст, ки як васкини универсалӣ таҳия шавад.

"Масъалан, ваксинаи универсалӣ аз зуком - ба мо маҳз он (эпидемияи зуком - идора) - зукоми хук ё парранда таҳдид мекунад. Тавре вирусшиносҳо менависанд: эпидемияи ҷиддӣ бо мутатсия шудани вирусҳои мову ҳайвон таҳдид мекнунад", - гуфтааст доктор Мясников.

Ба гуфтаи вай, мутатсияи аввал ин гузаштани вирус аз ҳайвон ба инсон ва сипас аз инсон ба инсон мебошад.

Вай афзуд, ки барои коркарди ваксин вақти зиёде талаб мешавад.

Агар ин вирус зуҳур кунад, марг аз он то 40 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки то пайдо шудани ваксина аз он даҳҳо миллион нафар мемиранд.

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

Ӯ даъват кардааст, ки тамоми олимони ҷаҳон қувваашонро сарф намудаву маблағи зиёде сармоя карда, ин ваксинро бояд сохт.

331
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Шаҳри Вуҳан- макони густариши вируси корона ба пурбоздидтарин шаҳри Чин табдил ёфт

257
(Таҷдидшуда 21:05 29.11.2020)
Шаҳри Вуҳан, ки макони густариши вируси корона дар ҷаҳон буд, акнун ба пурбоздидтарин шаҳри Чин табдил шудааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба гузориши ИРНА, Вуҳан, ҷое, ки ҳудуди як соли пеш нахустин бор вируси корона дар онҷо пайдо шуд, акнун дар канори иштиёқи мардум бо тадобире, ки мақомоти Чин бакор гирифтаанд ба пурбоздидтарин шаҳри ин кишвар табдил шудааст.

Вуҳан ҳангоми карантин, акс аз бойгонӣ
© REUTERS / Instagram / Emilia

Одди шудани вазъияти зиндагӣ дар бештари шаҳрҳои Чин аз ҷумла Вуҳан ба унвони конуни аввалияи шуюи корона дар ҳоле аст, ки саросари дунё даргири мавҷи дувуми Ковид-19 шудааст ва ин мавҷ дар баъзе аз кишварҳо сахттар аз мавҷи аввал будааст.

Оморҳо ҳокист, устони Ҳубей ҳам, ки шаҳри Вуҳан маркази он аст аз замони иҷрои сиёсати тарвиҷи гардишгарӣ аз нимаи тобистони имсол то кунун беш аз 53 миллион гардишгарро ҷазб кардааст.

Як сол пеш буд, ки давлати Чин шиносоии нахустин бемори мубтало ба коронаро дар ин шаҳр расман таъйид ва шаҳри 11 миллионнафарии Вуҳанро 60 рӯзи баъд, ҳудӯди 11 ҳафта ба таври комил карантин кард.

Ба дунболи дунболи ин иқдоми Чин, Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз амалкарди ин кишвар ташаккур кард ва онро беш аз ҳадди стандарт ва дар таърих бесобиқа тавсиф кард.

257
Барчаспҳо:
густариш, вируси корона, боздид, Чин