Озода Раҳмон. Архивное фото

Озода Раҳмон пайомадҳои таблиғи тамоку ва алкул дар телевизюнро тавзеҳ дод

95
Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни реклама ё огаҳирасонии бозаргонӣ пуштибонии молии тавлидкунандагон ва фурӯшандагони нӯшиданиҳои алкулӣ ва фаровардаҳои тамоку аз барномаҳои родютелевизиюнӣ ва матолиби расонаҳоро мамнуъ кард

ДУШАНБЕ, 12июл — Sputnik. Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳури Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллӣ дар ин ҷаласа дар тавзеҳи ин ислоҳот гуфт, ки аз ин пас тавлидкунандагон ва фурӯшандагони нӯшиданиҳои алкулӣ ва фаровардаҳои тамоку наметавонанд пуштибони молии барномаҳои родютелевизиюнӣ ва матолиб дар рӯзномаву расонаҳо шаванд. Ин қонун барои онҳо ҷаримаҳое муқаррар кардааст.

Бар асоси ин ислоҳот, аз ин пас корбурди таъбирҳое чун «рақами як», «беҳтарин», «сифати баланд», «бо нархҳои паст» дар огаҳирасонии бозаргонии колоҳову хадамот дар Тоҷикистон мамнуъ мешавад.

Ҳамчунин ҷой додани огаҳиҳое, ки беш аз 3 дақиқа тул мекашанд, дар барномаҳои родюӣ ва телевизюнӣ мамнуъ шуд.  афзун бар ин, ҷой додани огаҳиҳои бозаргонӣ дар китобҳои дарсӣ, дафтару рӯзномаҳои мактабӣ ва дигар фаровардаҳое, ки дар Тоҷикистон чопу мунтаршир мешаванд, низ муҷоз нахоҳад буд.

95
Барчаспҳо:
қонуни огаҳирасонӣ, Маҷлиси миллӣ, Озода Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Рутбаи ҷадиди Озода Раҳмон: мушовири давлатии адлия
Озода Раҳмон дар феҳристи бонуфузтарин бонувони ҷаҳон
Озода Раҳмон дастур дод то ба ниёзмандон садақаи фитр дода шавад
Озода Раҳмон, духтари президент узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Номзадии Озода Раҳмон ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид
День 6 марта

Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ ва таъсиси клуби "Реал": имрӯзи таърих

27
(Таҷдидшуда 18:04 02.03.2021)
Рӯзи шашуми март дар Ҷумҳурии Муғулистон Рӯзи матбуот ва дар Гана Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 6 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.

Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.

Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.

Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.

Рӯзи 6 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 март

  • Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.
  • Дар Гана – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 6 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.

Соли 1938 - шоир Одина Мирак.

Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.

Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

27
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

103
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

103
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол