На прогулке в парке, архивное фото

Созмони ҳавошиносӣ: имрӯз ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад

44
(Таҷдидшуда 10:18 25.07.2017)
Имрӯз ҳаво дар кишвар тағйирёбанда буда, дар бархе аз минтақаҳо то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон эълом карда, ки имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда буда, дар бархе аз ноҳияҳо борон хоҳад борид. Ҳаво дар ғарби ВМКБ 30 то 35 дараҷа ва дар шарқи он  17 то 22 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, дар водиҳо 38 то 43 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, 36 то 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеъи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо 35 то 40 дараҷа гармо пешбинӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбанда хоҳад буд ва 38 то 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

44
Барчаспҳо:
дамо, гармо, Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1785
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1785
Деятельность МВД в борьбе с коронавирусом в Таджикистане

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

148
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии гирифторони ин беморӣ аз 30 апрел то 28 сентябр ба 9 ҳазору 685 нафар расид.

Манбаъ афзуд, ки то имрӯз дар мамлакат 8483 нафар ё худ 87,5%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 75 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 79 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 53 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

148
Барчаспҳо:
фавт, таманнои шифои комил, беморӣ, Тоҷикистон