КЧС Таджикистана передана новая медицинская техника

Наҷотдиҳандагони тоҷик аз Куреи Ҷанубӣ корафзорҳои фаннӣ дарёфт карданд

49
(Таҷдидшуда 18:58 11.08.2017)
Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи ғайринизомии Тоҷикистон аз ҳукумати Ҷумҳурии Куреи Ҷанубӣ дастгоҳу таҷҳизоти ёрирасонии пизишкӣ дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар маросиме, ки имрӯз дар дафтари Кумита баргузор шуд, ин корафзорҳоро сафири Тоҷикистон дар Куреи Ҷанубӣ Ю. Шарифзода ба раҳбарону кормандони он супурд.

Бино ба гузориши равобити умумии Кумита, ин кумакҳо бебозгашт буда, аз корафзорҳои пизишкӣ ва барқафзорҳои манекенӣ, ҷаъбаҳои кумакҳои аввалия, торларзабарҳо (дефибриллятор), дастгоҳҳои тапишсоз (кардиостимулятор), термосканҳо, занбарҳои мутаҳаррик ва ғайра иборат ҳастанд.

Бо ин таҷҳизот бемористони ҳарбӣ ва воҳидҳои наҷоти Кумита муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд.

Дар ин маросим роҳбарии Кумитаи авзоъи изтирорӣ аз ҳукумати Куреи Ҷанубӣ сипосгузорӣ кард ва хостори густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пешомадҳои фавқулода шуд.

49
Барчаспҳо:
торларзабар, кумакҳои фаннӣ, Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон, Тоҷикистон-Куреи Ҷанубӣ
Мавзуъ
Ҳамкориҳои ВМКБ ва Швейсария дар пешомадҳои изтирорӣ густариш меёбанд
Кумитаи авзоъи изтирорӣ: роҳ дар Дарвоз ҳафтаи оянда боз мешавад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон далоили нишасти изтирории ҳавопаймои “Тоҷик-Эйр”-ро баррасӣ мекунад
Задержание, архивное фото

Боздошти марди 33-сола барои дуздии 22 ҳазор доллар аз хонаи ҳамдеҳааш

153
(Таҷдидшуда 12:25 26.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкурро дастгир карданд, ки дар дуздии 22 ҳазор долларро муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik.  Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкур шикоят овардааст.

Дар шикояти ин мард гуфта шудааст, ки санаи 25-уми майи соли равон, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 22 ҳазор доллари амрикоӣ ва 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

ВУД таъкид доштааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир, гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, нисбати ин ҳодиса тафтишот аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

153
Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, дастгир, милитсия, Тоҷикистон
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Парвози махсуси ҳавопаймои ширкати русӣ: 162 муҳоҷир ба Ватан баргашт

225
(Таҷдидшуда 12:05 26.05.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи имрӯз бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” 162 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишвар баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, субҳи 26 май дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия 162 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд.

 Манбаъ қайд кардааст, ки бо ин ҳавопаймо инчунин ду ҷасади муҳоҷири тоҷик барои хоксупорӣ баТоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки аз ин кишвар дар марҳилаи аввал шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

225
Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷир, ҳавопаймо, парвоз, вазорати умури хориҷа, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тахмина Бахронова

Баҳронова: ба сабаби вируси корона дар шаҳри Душанбе дархост ба такси 60 дарсад коҳиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 14:17 26.05.2020)
Таҳмина Баҳронова, роҳбари ширкати Atlas Taxi гуфт, чӣ тавр вируси корона ба кори таксиҳои шаҳри Душанбе хисорот ворид кардааст

Ба гуфтаи Баҳронова пас аз 20 март ба далели баста шудани роҳҳо, шумори дархостҳо ба такси коҳиш ёфтааст. Ниёз ба такси пас аз эълони Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон якбора ба маротиб коҳиш ёфт.   

“Аксари ширкатҳо комилан ба фаъолияти фосилавӣ гузаштанд. Кори макотибу донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе низ қатъ шуд. Ин ҳама ба кори таксиҳо таъсир гузошт. Дархостҳо тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфт. Ин раванд миёни тамоми ширкатҳои пойтахт мушоҳида мешавад. Ронандаҳое, ки аз бонкҳо қарздор буданд, зарари ҷиддӣ диданд. Аксари онҳо мошинҳои харидаи худро ба фурӯш гузоштанд, то аз ин вазъи мушкил роҳи наҷот пайдо кунанд”, - гуфт роҳбари ширкати Atlas Taxi Таҳмина Баҳронова ба Sputnik Тоҷикистон.

 

Бахронова: из-за коронавируса заказы такси упали на 60% по всему Душанбе

Вай таъкид дошт, ки дар шароити пандемия таксиҳо ба расонидани маводи ғизоӣ даст заданд, ки қаблан ин хизматрасонии иловагӣ ба шумор мерафт ва пардохти ҳаққи хизмати он алоҳида ҳисоб мешуд.

“Ҳоло ба ҳама чизе лозим аст ва сокинон ба якдигар ҳар лавозимоте мефиристанд. Аз доруворӣ то либоса интиқол медиҳем. Ҳоло мо танҳо пули хатсайро ҳисобу китоб мекунем”, -  илова кард Баҳронова.

Роҳбари Atlas Taxi зикр кард, ки ширкат ронандаҳои худро бо ниқоб ва маводҳои антисептикӣ пурра таъмин менамояд. Ҳамчунин ширкат таксиҳои худро ҳамарӯза дезинфексия ё безарар мекунад.    

Баҳронова қайд кардааст, ки пандемия дар Тоҷикистон чанд моҳи дигар тӯл мекашад ва ба ҳамин хотир ширкат бо маркетологҳо барои ҷори намудани хизматрасониҳои нав гуфтушунид дорад.

0
Барчаспҳо:
дархост, такси, роҳбар, ширкат, хисорот, Душанбе, вирус