Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидор мекунанд

572
(Таҷдидшуда 11:37 10.10.2017)
Қарор аст, ки дар ин дидор раҳбарони Тоҷикистон ва Русия масоили муҳими минтақаро баррасӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочӣ бо сарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков бо эъломи ин хабар гуфт, ки Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон 10 октябр дидор хоҳанд кард.

"Қарор аст, ки дар ин дидор раҳбарони Тоҷикистон ва Русия масоили муҳими минтақаро баррасӣ кунанд", — тавзеҳ дод Ушаков.    

Ёдовар мешавем, ки 10 — 12 октябр дар шаҳри бандарии Сочӣ нишасти Шурои сарони кишварҳои ҳамсуд баргузор хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард.

Дар нишасте дигар, ки 11 — 13 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, Шурои вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд масоили ҳамкориҳои низомиро баррасӣ хоҳанд кард.

Қарор аст, ки дар ин нишаст ҳайъатҳои расмии вазоратҳои дифоъи Русия, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Укроин, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова ширкат кунанд.

572
Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, дидор, нишасти Сарони кишварҳои ҳамсуд, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Русия-Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҳамдардии Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамдардии мардуми Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон
Изҳори таслияти ҳукумат ба Эмомалӣ Раҳмон
Бародари раисҷумҳури Тоҷикистон Нуриддин Раҳмон дар гузашт
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсолаш-Владимир Путин занг зад
Обрӯву нуфузи ҷовидона: орзӯҳои Озода Раҳмон барои раисҷумҳур
Нурсултон Назарбоев 65-умин солгарди зодрӯзро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт
Владимир Путин солгарди зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфт
Сарони Узбакистону Белорус зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфтанд
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

7
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

7
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен
Министр экономразвития и торговли Завки Завкизода

Вазири иқтисод: паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё меомӯзем

101
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълон дошт, ки ҷумҳурӣ барои пайваст шудан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шитоб надорад ва ҳукумат ҳоло паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба иттиҳодияро мавиди омӯзиш қарор додааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки мақомоти кишвар ҳоло суду зиёни дигар кишварҳоро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастанд мавриди омӯзиш қарор додааст.

 Вай афзул, ки танҳо пас аз омӯзиши дақиқу мӯшикофона ва таҳлил дар бораи узвияти кишвар ба ин Иттиҳод тасмим гирифта хоҳад шуд.

Завқӣ Завқизода афзуд, ки бо назардошти таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя тамоми паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба ин иттиҳодия мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Зубетс гуфт, Тоҷикистон аз ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чи фоида мебинад

“Қарор дар бораи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳоло қабул нашудааст ва маълум ҳам нест, ки он кай аз ҷониби ҳукумат қабул мешавад”, - зикр кард Завқизода.

Ёдрас мешавем, ки ахиран сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки  қабл аз узвият ба ин ё он созмону иттиҳод, ҳамаи паҳлӯҳои мусбату манфии оқибати онро омӯхтан лозим аст.

“Дар яке аз бандҳои шартномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё қайд карда шудааст, ки амалиёти воридоту содироти байни кишварҳои узви Иттиҳод аз пардохти боҷи содиротӣ озод карда мешавад, лекин мо медонем, ки қисмати зиёди буҷети кишвари мо аз ҳисоби маблағи боҷи содиротӣ пур мешавад ва аз даст додани ин сарчашма мувофиқи мақсад ба назар намерасад”, - қайд кард Хуршед Каримзода.

101
Барчаспҳо:
иқтисод, Ҳукумат, АвруОсиё, пайвастан, Вазири рушди иқтисод, Тоҷикистон