Пакеты с гашишем, архивное фото

Дар Тоҷикистон аз фурӯши 14 кг маводи мухаддир пешгирӣ шуд

67
(Таҷдидшуда 20:54 20.10.2017)
Кормандони Ожонси назорат бар гардиши маводи мухаддир дар раванди ду амалиёт аз қочоқбарон камобеш 14 килуграм маводи мухаддирро боз ситонданд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Чуноне, ки равобити умумии Ожонси мубориза бо маводи мухаддир хабар медиҳад, чанде пеш кормандони ин ниҳод дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамроҳ бо марзбонони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Зоҳир Паҳлавон ном шаҳрванди 30-солаи Афғонистонро дастгир кардаанд.

Вай дар қаламрави деҳаи Поршинев — яке аз рустоҳои ноҳияи Шуғнон, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, қонуншиканона аз рӯди Панҷ гузаштаву маводи мухаддир бо худ қочоқ овардааст.

Нерӯҳои амниятӣ аз ӯ камубеш 9 килуграм ҳашиш ёфтаву боз ситондаанд. Ин шаҳрванди Афғонистон боздошт шуда ва барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз шудааст.

Ҳамчунин кормандони Ожонси мубориза бо маводи мухаддир дар раванди баргузории амалиёти бозҷуст аз як шаҳрванди Тоҷикистон камобеш 5 килуграм ҳашиш боз ситондаанд. Дар пайгирии ин қонуншиканӣ ду тан аз ҳамдастони вай низ боздошт шудаанд.  

Гуфтанист, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 12 ҳазор маврид қочоқи маводи мухаддирро пешгирӣ карданд. Дар ин муддат нерӯҳои амниятӣ 2 тону 365 килуграм маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ дар овардаанд. Дар соли 2016 ҳаҷми қочоқ 2 тону 251 килуграмро ташкил дода буд.

67
Барчаспҳо:
маводи мухаддир, ҳашиш, қочоқ, Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, Тоҷикистон-Афғонистон
Мавзуъ
Тоҷикистону Афғонистон роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд
Марзбонҳои Тоҷикистон аз қочоқи 64 килуграм маводи мухаддир пешгирӣ карданд
Тоҷикистону Белорус дар пайкор бо қочоқи маводди мухаддир ҳамдаст мешаванд