Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев, архивное фото

Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев: дар ғаматон шарик ҳастем

146
(Таҷдидшуда 20:38 18.01.2018)
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар барқияе ба Шавкат Мирзиёев кушта шудани шаҳрвандони Узбакистон дар сӯхтори автобус дар Қазоқистонро ба таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар ин таслиятнома, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон матнашро мунташир кардааст, аз ҷумла, омадааст:

“Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Хабари оташ гирифтани автобуси мусофирбарро дар вилояти Оқтеппа дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муҷиби ҳалокати 52 нафар гардид, бо андӯҳи гарон дарёфтам.

Аз Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович хоҳиш менамоям, ки изҳори таслият ва ҳамдардии моро аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин хоҳони шифои комилро ба осебдидагони ин фоҷиа расонед”.

146
Барчаспҳо:
таслият, ҳамдардӣ, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистониён аз даргузашти шаҳрвандони Узбакистон дар сӯхтори мудҳиш ғамгинанд
Навори сӯхторе дар Қазоқистон, ки ҷони 52 муҳоҷирро гирифт
Автобусе бо муҳоҷирон дар Қазоқистон оташ гирифт: 52 кас кушта шуд