Занщо дар Арабистони Саудӣ, акс аз бойгонӣ

Хашми корбарон аз намуди ношоистаи ровии ҳоҷобдор дар Арабистони Саудӣ

227
(Таҷдидшуда 17:25 29.06.2018)
Мардуми Арабистон зидди рӯзноманигор пас аз он барангехтанд, ки дар рафти гузориш дар телевизиони Al Aan TV либоси ӯро бод парешон кард

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ҳукумати Арабистони Саудӣ нисбати ровии телевизион Ширин Ал-Рифай, ки як навор бо гузориши вай дар шабакаҳои иҷтимоии  паҳн шуд, тафтишот мебаранд. Занро дар дар ҳозир шудан дар намуди ношоиста муттаҳам мекунанд.

Порчаеро аз он навор рӯзноманигори амрикоӣ Zaid Benjamin дар саҳифаи Твиттер мунташир кардааст.

 

Зан  дар бораи лағви таҳрими занон дар идораи худрав гузориш медод, вале дар рафти пахши зинда, бод либосашро парешон кард ва зери абай (либоси миллии арабҳо-идора) пойҳои ровӣ намоён шуданд. Ӯ зери рӯйпӯши дароз либоси аврупоии нимбараҳнае доштааст.

Бо дидани ин ҳолат, дар Арабистони Саудӣ корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хашмгин шуданд. Зери навори гузоштаи рӯзноманигори амрикоӣ шарҳҳои танқидӣ пайдо шуданд.

Подшоҳӣ рӯзноманигорро дар нақзи тартиботи кор муттаҳам мекунад. Аммо зан худро муҷрим намешиносад. Пас аз сар задани тафтишот Ширин кишварро тарк кард.

227
Барчаспҳо:
Ширин, рови, Арабистони Саудӣ, хабарнигор, зан, ронанда, мошин, Арабистон