удири шӯъбаи Осиёи Миёнаи Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ҳамсуд Андрей Грозин, акс аз бойгонӣ

Грозин: фурӯши оби Сарез таъсире ба таодули об дар Узбакистон надорад

321
(Таҷдидшуда 15:36 18.07.2018)
Коршинос Андрей Грозин, бар он аст, ки фурӯши оби кӯли Сарез ба ширкати чинӣ ба вазъи таъмини об дар Узбакситон таъсире намегузорад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Фурӯши оби кӯли Сарез ба ширкати чинӣ ба вазъи таъмини об дар Узбакситон таъсире намегузорад, мегӯяд коршиноси рус Андрей Грозин.

"Душанбе тайи 15 соли охир ин лоиҳаро пешниҳод мекард. Ҳама мегуфтанд, ки ин лоиҳаи бисёр ҷолиб аст, аммо он амалӣ намешуд", — таъкид кардааст Грозин.

Ҳоло ҳавасмандии Чин дар ин лоиҳа пеш аз ҳама нишонаи намоиши имкониятҳои бузурги кишвар асту бас, афзудааст коршинос.

"Сарез ба тавозуни об дар Узбакистон ҳеҷ таъсире намугузорад", — гуфт Грозин.

Лозим ба ёдоварист, ки ахиран "Ориёнбонк "бо ширкати чини Heaven Springs Dynasty Harvest Group шартнома баст. Минбаъд оби шаффофу шафобахши кӯли Сарез ба кишварҳои ҷаҳон фурӯхта мешавад.

Ширкати чинии Heaven Springs Dynasty Harvest Group дар Тоҷикистон корхонаи коркарди об бунёд карда, оби кӯли Сарезро ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ карда, ба хориҷа содир хоҳад кард.

321
Барчаспҳо:
обтаъминкунӣ, Узбакистон, таъсир, об, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Боздошти силоҳфурӯш ҳангоми амалиёти корд дар Душанбе

54
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 25-сола, ки ба фурӯши силоҳи сард дар Душанбе машғул будааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти шартии “Корд” сокини  кӯчаи Наврӯзи пойтахт Слезен Дидор Сорбоновичи 25-соларо, ки  ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла корд машғул будааст, дастгир карданд. 

Тибқи иттилои манбаъ, дастгиршуда паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян шуда, онҳоро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст. 

Гуфта шудааст, ки ҳангоми як амалиёт аз ин ҷавони 25 сола миқдори зиёди силоҳи сард истифдашванда, аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус (финка) дарёфту мусодира карда шуданд.

ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи силоҳ”  дар қаламрави Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба  шаҳрванд Слезан Дидор  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  бо қарори  Суд ба номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

54
Барчаспҳо:
корд, амалиёт, Душанбе, силоҳ, боздошт, Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон ба аёдати маъб рафт

Раиси вилояти Хатлон аз ҳисоби худ ба маъюби 26-сола панҷ ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дод

46
(Таҷдидшуда 02:53 06.07.2020)
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ёвон Хуҷамурод Хуҷаевро, ки маъюби гурӯҳи якум аст, аёдат кард

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, Хуҷамурод, ки сокини деҳаи Боғдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аст ва ӯ 26 сол дорад.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки айни ҳол сохтмони манзили истиқоматии нав барои оилаи Хуҷамурод бомаром идома дошта, аллакай марҳилаи бомпӯши хона ҷараён дорад.

“Давлат ҳеҷ гоҳ афроди имконияти ҷисмоиашон маҳдуд, ятимону бепарасторонро танҳо намегузорад. Пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони манзили зист, дар фикри барпо намудани тӯй шуда, Шуморо хонадор мекунем”, - қайд намуд зимни суҳбат бо Хуҷамурод Хуҷаев раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода пас аз мулоқот бо Хуҷамурод ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва барои хонаводааш маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, картошка, пиёз, қанд ва ғайра тақдим намуд.

Вай ҳамчунин ба масъулони ниҳодҳои дахлдор дастур дод, ки сохтмони манзили зисти Хуҷамурод Хуҷаевро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонида шавад.

46
Барчаспҳо:
кумакпулӣ, маъюб, Хатлон, Тоҷикистон