Кормандони милиса дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Ман милиса: такрори ғоратгариҳо аз номи мақомот дар Тоҷикистон

448
(Таҷдидшуда 16:57 19.07.2018)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст, ки аз номи милиса даст ба ғорати роҳгузарон мезадаанд

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, боздоштшудагон - Фируз Шарипов,  сокини 29-солаи деҳаи Овчии ноҳияи Деваштиҷ ва Шамсов Файзалӣ, истиқоматкунандаи 29-солаи деҳаи Охчакмани ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Бар асоси иттилоия, боздоштшудагон шабона дар шаҳри Хуҷанд аввал аз роҳгузарон барои занг задан телефон мехостаанд, сипас мегуфтаанд, ки мо милиса ва бо таҳдид телефону маблағҳоро мусодира мекардаанд.  Бештар афродеро ҳадафи худ қарор медодаанд, ки ба назар оҷиз менамудаанд. 

Феълан алайҳи боздоштшудагон бар асоси моддаи 248 – и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти умури дохилӣ аз боздошти як ҷавон дар ноҳияи Ёвон иттилоъ дода буданд, ки худро милиса гуфта, даст ба ғоратгарӣ задааст.

448
Барчаспҳо:
роҳгузари таробарӣ, ғоратгарӣ, милиса, Тоҷикистон
Абдулло Рахнамо, политолог

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

454
(Таҷдидшуда 02:44 04.06.2020)
Сиёсатшиноси тоҷик пас аз 33 рӯзи дастбагиребонӣ бо “вируси корона” аз шифохона рухсат шуд ва ба хона баргашт

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди хушном ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз, 3 июн аз Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуд.

“Ҳафтае қабл таҳлилҳоямро барои вуҷуд доштан ё надоштани “вируси корона” гирифта буданд. Рӯзи 1 июн аз озмоишгоҳи “Диамед” – и шаҳри Душанбе санад фиристоданд, ки ҳамин гуна як маризӣ нест ва натиҷа манфӣ аст. Имрӯз духтури муолиҷ табрик гуфт, ки аз марҳилаи аслии беморӣ раҳо шудаам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Донишманди тоҷик 12 май пас аз душвор шудани нафаскашӣ ба корпуси 4 – уми Макази тиббии “Шифобахш”, ё Шифохонаи Қарияи Боло ва ду рӯз пас бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.

“Хеле сахту ногувор буд. Чун дар гуруҳи осебпазир будам, сахту тӯлонӣ азиятам дод. Гоҳо нафас пурра мегирифт. Чанд шабонарӯз аслан нашуд мижа ба ҳам занам. Соатҳо бо оксигенератор - дастгоҳи нафасдиҳӣ кор мекардам. Ташхис ҳама узви баданро хуб нишон медод, аммо нафастангӣ раҳоям намекард. 33 рўз дар ин мушкила тапидам, ки бахше аз он, хоса миёнаи моҳ, дар тангии нафас ва марзи хатар гузашт. Шукр, ки инак, вориди марҳилаи барқарорӣ мешавам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Нигарониҳо аз вазъи сиҳии Абдуллоҳи Раҳнамо пас аз он ба вуҷуд омад, ки шаби 11 май дар як пости фейсбукиш навишт: “Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”.

Раҳнамо пас аз гирифтории ҳамсар, сипас, духтару ду писараш, ки аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят доштанд, мариз шуд. Ҳамсари худро дар шифохонаи “Якум Советски” бистарӣ карду худ низ ба Қарияи Боло интиқол ёфт.

Баъдтар ҳарду ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе гузаронда шуданд.

 “Ҳамсарам низ акнун ба хона омадаву фарзандонам низ пурра шифо ёфтаанд. Хулоса, Худованд иноят, давлат ҳимоят ва миллат табобат кард. Хонаводаи ман дигарбора сари як дастурхон ҷамъ омад”, - гуфт донишманди тоҷик.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар “таваллуди дубора” – и худ ба ҳукумат, роҳбарияти вазорати тандурустӣ, пизишкони шифохонаҳои Қарияи боло ва маризиҳои сироятӣ ва дар умум онҳоеро, ки барояш дуо карданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.  Муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Ӯ поягузори литсейи хусусии “Раҳнамо” дар соли 2010 аст, ки ҳоло яке аз макотиби муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо, ки шогирди ин мактаб мебошанд, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” пирӯз омада, писари бузургаш Бунёд Раҳнамо Шоҳҷоизаи ин озмунро ба даст овард.

Абдулло Раҳнамо ин дастоварди фарзандонашро натиҷаи заҳмати ҳамсараш хонда буд.

454
Барчаспҳо:
Абдулло Раҳнамо, рухсат, вирус, тоҷик, Тоҷикистон
Нуриддин Каршибоев, архивное фото

Вируси корона ба вазъи молии журналистони тоҷик таъсир кардааст

165
(Таҷдидшуда 18:20 03.06.2020)
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) гуфт, вазъи буҳронии имрӯза натанҳо ба журналистон балки ба тамоми қишрҳои ҷомеъа таъсир расондааст

ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Нуруддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон иқдоми хубарнигорони қазоқ, ки дар пайи ҷаъмоварии кумак ба рӯзноманигорони тоҷик мебошандро як иқдоми ҳамраъӣ хонд ва гуфт, ки беҳтар мебуд маводи журналистони тоҷик дар расонаҳои кишварҳои ҳамсоя чоп мешуд во онҳо ба ҷои кумаки молӣ, ҳаққу заҳмат бигиранд.

“Маоши журналистони тоҷик нисбат ба ҳаққу заҳмати рӯзноманигорони қирғизу қазоқ хеле паст аст. Инро бояд эътироф кард. Ин тасмиме, ки аз ҷониби як гуруҳ журналистони қазоқ аз ҷумла Марат Содиков гирифта шудааст, як иқдоми дастгири ё ҳамрайъӣ  бо рӯзноманигорони тоҷик ба шумор меравад”, - гуфт ӯ.

Ҷаноби Қаршибоев илова кард, хуб мешуд барои журналистони тоҷик имконият медоданд то дар расонаҳои кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ намоянд.

“Масалан хабаргузориҳои кишварҳои ҳамсоя аз журналистони тоҷик мавод бигиранд ва дар расонаҳои худ чоп кунан ва барои онҳо ҳаққу заҳмат диҳанд” ,– қайд кард Нуруддин Қаршибоев.

СУТ аз хатари воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

Ба қавли раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон вазъияти молиии журналистони тоҷик чандон бад нест, ки барои як бурида нон зор бошанд аммо онҳо ин иқдоми рзноманигорони қазоқро ҳамчун як иқдоми хайрия ва нишонаи ҳамраъӣ медонанд.

“Албата бархе аз рӯзноманигорони тоҷик инро қобили қабул намедонанд, аммо гурӯҳе ҳаст, ки ба ин кумакҳо эҳтиёҷманд бошанд. Ба ҳисоби миёна маоиши ҳар як рӯзноманигор  дар Тоҷикистон 100-120 долларро ташкил медиҳад. Вале дар ин миён, албата рӯзноманигороне ҳастанд, ки пули бештар мегиранд. Вале, аз ин кам шояд дар нашрияҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ  гиранд. Вале ҳамҳзамон бояд як чизро ба назар гирифт, ки аксари журналистон бо ду се расона ҳамкорӣ мекунан ва барои таъмини оилаашон аз дигар сарчашмаҳо низ истифода мекунанд”, зикр кард Нуруддин Қаршибоев.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон таъкид дошт, ки вазъияти буҳронӣ ба тамоми соҳаҳои рекламаву тиҷорат таъсир гузоштааст. Ҳозир дар расонаҳои ҷой додани реклама хеле коҳиш ёфтааст ва ин боиси паст гардидани вазъи молиявии расонаҳо шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук як гурӯҳ рӯзноманигорони Қазоқистон эълон карданд, ки бино бар буҳрони шидиди молиявии журналистони тоҷик барои онҳо кумаки молӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Ба қавли онҳо ҳудуди ин кумак бояд аз 15 доллари амрикоӣ кам набошад то онҳо тавонанд маводи ғиизоӣ бихаранд.

165
Барчаспҳо:
таъсир, журналист, буҳрон, расонаҳо, Тоҷикистон