Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон

359
(Таҷдидшуда 17:44 07.08.2018)
Зимни сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Озарбойҷон имзои чанд санади нави ҳамкорӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба ҷумҳурии Озарбойҷон сафар хоҳад кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни сафари дурӯзаи раисҷумҳур  байни ду кишвар чанд санади нави ҳамкорӣ  ба имзо мерасад.

Ба инттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон 10 август вориди Боку шуда, 10-11 дар Озарбойҷон мемонад.

"Дар ин рӯзҳо мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷондар назар аст. Инчунин, ҳайъати ҳамроҳи раисҷумҳур бо намояндагони Ҳукумати Озарбойҷон музокирот мекунанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазир ва раиси порлумони Озарбойҷон низ мулоқот намояд. 

359
Барчаспҳо:
Боку, сафари расмӣ, Озарбойҷон, Раҳмон, мулоқот, Тоҷикистон