Вокуниши Русия ба хабари ҳамлаи ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкМинистерство обороны РФ
Министерство обороны РФ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия хабарҳои нашршуда дар бораи зарбаи ҳавопаймоҳои ҷангандаи Русия ба шимоли Афғонистонро рад кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазорати дифоъ гуфтааст, иттилоъ, ки ҳавопаймоҳои Русия Толибонро дар шимоли Афғонистон ҳадафи зарбаи ҳавоӣ қарор додаанд, асос надорад.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангандаи Русия ҳеч дастури низомие нагирифтаанд ва дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон вазифаи ҷангиеро иҷро накарда истодаанд.

Дальний бомбардировщик Ту-22М3 наносит авиационный удар по объектам террористической группировки ИГ (террористическая организация, запрещена в России) в Сирии - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи амният: Тоҷикистон Афғонистонро бомбборон накардааст

Ин дар ҳолест, ки расонаҳо ахиран аз қавли мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки ҳавопаймоҳо аз қаламрави Тоҷикистон минтақаи таҳти назорати Толибонро ҳадафи зарба қарор додаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ин иддаоро рад кард.

Дар ҳамин ҳол созмони террористии "Толибон" низ даст доштанашонро дар ҳамлаи 26 август дар Фархор рад карда, изҳор доштааст, ки ҷангиёнаш ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор нагирифтаанд. Ин созмони мамнуъ ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Фархорро кори қочоқбарон хонда, таъкид намудааст, ки ҷангиёни ин созмони террористӣ иҷозаи амалиёти берун аз қаламрави Афғонистонро надоранд.

Нашри ин хабарҳо дар ҳолест, ки 26 август, як мошини ҳомили се шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ҳадафи ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва як нафар маҷруҳ шуд. Бар асоси иттилои аввалия ин ҳамла аз сӯи Толибон амалӣ шудааст, ки гӯиё ба "Нива"-и ҳомили ҷангалбонҳои тоҷик аз минтақаи Дарқади вилояти Тахори Афғонистон тир холӣ кардаанд.

Гуфта мешавад,  тирпаронӣ аз "гранатамёт" амалӣ шуда, дар натиҷа Амирхон Саидови 53-сола,  Давлат Сангакови 50-сола кушта ва  Сафархон Раҳмонов  маҷруҳ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман то ҳол ин ҳамларо шарҳ надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0