Путин 15 генералро барканор кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкРабочая поездка президента РФ В. Путина в Сибирский федеральный округ
Рабочая поездка президента РФ В. Путина в Сибирский федеральный округ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия 20 афсари воломақом, аз ҷумла 15 генералро аз вазифа дар мақомоти қудратӣ барканор кард

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Мувофиқи фармони раисиҷумҳур, ки дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст, 15 генерал аз мақомашон дар Вазорати умури дохилӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Хадамоти иҷрои ҷазо ва Кумитаи тафтишотии Русия сабукдӯш шуданд.

Дар рӯйхати барканоршудагон номҳои сардори раёсати ВҲФ Русия дар вилояти Томск Михаил Бегун, ноиби сардори ВУД Русия дар вилояти Саратов Андрей Бойко, сардори РВКД Русия дар вилояти Уляновск  Юрий Варченко, ноиби аввали раёсати тафтишотии КТ Русия дар ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ Дмитрий Василев интишор шудаанд.

Отдых президента России Владимира Путина в Туве - Sputnik Тоҷикистон
Навори истироҳати Путин бо Шойгу ва мудири ФСБ дар Тува мунташир шуд (НАВОР)

Инчунин исмҳои сардори раёсати ВҲФ дар вилояти Мурманск Владимир Гусев, сардори раёсати ВҲФ дар вилояти Сахалин Денис Илинов, роҳбари раёсати тафтишотии КТ дар вилояти Кемерово Сергей Калинкин, ноиби сардори раёсати ВКД дар вилояти Кемерово Игор Каршунов ва роҳбари раёсати ХФИҶ дар вилояти Омск Сергей Карючин дар руйхати барканоршудагон мебошад.

Ғайр аз онҳо сардори РВКД дар вилояти Брянск Валентин Кузмин, роҳбари департаменти технологияи иттилоотӣ, алоқа ва ҳифзи иттилооти ВКД Русия Сергей Ляшинко, сардори РХФИҶ дар вилояти Волгоград  Павел Радченко, ноиби аввали департаменти шартӣ-ҳуқуқӣ ВКД Русия Геннадий  Спирин, ноиби РДВКД Русия дар вилояти Нижегород Григорий Ткаченко аз вазифаҳояшон озод шудаанд.

Ба ин тариқ, Путин 8 афсари ВКД, 3 — ХФИҶ, 5 — КТ, 4 — ВҲФ — ро аз вазифаҳояшон барканор кард, ки 15 нафарашон соҳиби рутбаи генералӣ мебошанд.

Тибқи ин фармони раисҷумҳур дар вазифаҳои гуногуни мақомоти мазкур 25 нафарро таъин кардаст. Аз ҷумла генерал-лейтинанти пулис Олег Торубаров сардори нави ВКД-и Крим таъин шудааст.  

Лентаи хабарҳо
0