Марзбон, акс аз бойгонӣ

Мақомоти тоҷик: як қочоқчии афғон дар марз кушта шуд

238
(Таҷдидшуда 18:49 31.08.2018)
Маъмурини милиса ва марзбонони тоҷик дар марз бо Афғонистон як қочоқбарро нобуд кардаанд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кушташуда Ҷумъахон Валади Амонуллоҳ, сокини вилояти Тахор мебошад.  Амалиёт алайҳи қочоқбар дар қаламрави ноҳияи Ҷайҳун муштаракан бо марзбонони тоҷик гузаронда шудааст.

Ба иттилои мақомоти тоҷик зимни амалиёт қочоқбар муқобилият нишон дода, дар ҷои ҳодиса безарар гардонда шуд.

ВУД афзуд, ки аз қочоқчӣ 20 кило афюн мусодира гардид.

238
Барчаспҳо:
нобуд, амалиёт, қочоқ, маводи мухаддир, Тоҷикистон-Афғонистон