Милисаҳо дар роҳ, акс аз бойгонӣ

"Нива" бо героин доданд, ки ба Душанбе бар: 36,5 сол ҳабси Шоиков ва Ёрбеков

3081
(Таҷдидшуда 12:27 09.09.2018)
Додгоҳи Тоҷикистон шаҳрвандон Шоиков Шодӣ Занҷирбековичро барои нашъаҷаллобӣ ба 18 солу 6 моҳ ва шарикаш Ёрбеков Артур Ёдгоровичро ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Шоиков Шодӣ, зодаи шаҳри Хоруғ, муваққатан бекор аввали моҳи апрели соли 2018 дар тарабхонаи "Банд"-и шаҳри Хоруғ бо шаҳрвандон Некқадамов Шертан Саидқадамович ва Муборакқадамов Масуд Соибқадамович бо тахаллуси "Федя" шинос шуда, пешниҳоди интиқоли маводи мухаддир ба Душанберо гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, Некқадамов ва Муборакқадамов ба Шоиков пешниҳод кардаанд, ки маводи нашъадори онҳоро бо мошини "Нива" — и худи онҳо ба шаҳри Душанбе бар ивази 4 ҳазор доллар интиқол диҳад.

Додситонии кул афзуд, бар асоси маслиҳати пешакӣ 23 апрели соли 2018 Шоиков дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон бо Неққадамов вохӯрда, "Нива" бо 4 қуттии картонии дорои маводи нашъадорро аз ӯ гирифтааст.

"Сипас Шоиков автомошинаи мазкурро таҳти идораи худ карор дода, аз деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон бо Ёрбеков Артур Ёдгорович ба самти шаҳри Душанбе равона гардидааст" — омадааст дар иттилоияи Додситонии кул

Ин ниҳод изҳор доштааст, ки баъди расидан ба кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, дар наздикии бозорчаи собиқ "Жил-массив" Ёрбеков бо супориши Некқадамов маводи мухаддири овардаашонро ба бағоҷи автомошинаи дигар "Опел-астра", ки таҳти коркарди оперативӣ қарор дошт, ҷойгир намуд.

Додситонии кул афзуд, ки дар натиҷаи амалиёт Шоиков ва Ёрбеков дастгир гардида, аз дохили автомошина 44,9 кило героин ва  2790 грамм маводи нашъадори навъи афюн мусодира карда шуд.

Додгоҳ Шоиков Шодӣ Занҷирбекович ва Ёрбеков Артур Ёдгоровичро бар асоси моддаи 200 қисми 4 банди "д"-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста, мутаносибан  18 солу 6 моҳ ва 18 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дар мавриди ду нафари дигар, ки Додситонии кулли Тоҷикистон онҳоро фармоишгарони ин муомилоти ғайриқонунӣ муаррифӣ кардааст, ҳеч иттилое ироа нашудааст.

3081
Барчаспҳо:
нашъа, қочоқ, маводи нашъаовар, боздошт, парвандаи ҷиноӣ, зиндон, Тоҷикистон