Доллар, акс аз бойгонӣ

Дуздии 27 ҳазор доллар аз хонаи хоб: зан собиқ шавҳару писарашро гунаҳкор медонад

794
Аз хонаи хоби як зани 39-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ 27 ҳазор долларро дуздидаанд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ҷабрдида аз собиқ шавҳару писараш шикоят кардааст.

Зани ҷабрдида ба идораи милиса муроҷиат карда, арз доштааст, ки  27-уми октябри соли 2018, тахминан соати 06:00, собиқ шавҳараш, марди 46-сола бо ҳамроҳии писари 19-солааш, сокинони деҳаи Дарёообод, бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи хобаш ворид шуда, аз он ҷо 27 ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

794