Болғаи додрас, акс аз бойгонӣ

Ҳукми Ҳамроқулов барои аз худ кардани 1,8 миллион сомонӣ

499
(Таҷдидшуда 10:16 02.12.2018)
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳамроқулов Иброҳимро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Ҳамроқулов, сокини шаҳри Бохтар, ки қаблан низ суд шудааст, ба воситаи хешаш Ислом Бердиев аз шаҳрванд Туйчӣ Зокиров дар панҷ ҳолат бо роҳи фиреб 231 507 доллар, муодили  1 миллиону 823 ҳазору 389 сомониро гирифта, аз они худ кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Сино Ҳамроқулов, падари се фарзандро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, баробари 10 соли зиндон ӯро инчунин барои 5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум намудааст.

499