Новым тренером Истиклола назначен Хаким Фузайлов

Ҳаким Фузайлов мураббии Истиқлол шуд

222
Роҳбарияти дастаи Футболи “Истиқлол” Ҳаким Фузайловро ба ҳайси мураббии тим таъйин кард

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ҳаким Фузайлови 54-сола, ба ҳайси мураббии нави дастаи "Истиқлол" таъйин карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти тими футболи “Истиқлол”.

Ҳаким Фузайлов, қаблан мурабии дастаи тими миллии кишвар буд.

Шартнома бо мураббӣ имрӯз, 3 декабри соли равон дар дафтари тими “Истиқлол” ба имзо расидааст.

“Ҳаким Фузайлов дар рӯзҳои наздик ба даста муаррифӣ хоҳад шуд ва ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз хоҳад кард. Ба Фузайлов дар тим мураббиён Алишер Тухтаев, ва Александр Кит кумак мекунанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳаким Қаюмович Фузайлов  12 августи соли 1964 ба дунё омадааст. Вай аз соли 1986 то соли 1991 дар тими “Помир” Душанбе бозӣ мекард. Соли 1992 ба дастаи “Локомотив”-и Маскав пайваст. Бо тими “Локомотив” дар соли 1994 соҳиби медалҳои биринҷии чемпионати Русия гаштааст. Ҳаким Фузайлов, аз соли 2016 то моҳи марти соли 2018 мураббии дастаи миллии футболи кишвар буд.   

 

222
Барчаспҳо:
мураббиён, дастаи ФФТ, даста, тим, Истиқлол, Тоҷикистон
Медики транспортируют пациента с подозрением на коронавирусную инфекцию

Вазъи шадиди COVID - 19 дар Русия: 16 ҳазор мариз ва фавти 179 кас дар як рӯз

33
(Таҷдидшуда 13:08 20.10.2020)
Теъдоди дардмандони нави коронавирус дар Русия давоми як шабонарӯзи ахир наздик ба 16 ҳазор расидааст

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Русия 15 982 мавриди нави гирифторшавии шаҳрвандон ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад Ситоди фаврии коронавирус дар ин кишвар.

Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии мубталоёни ин дард дар Русия ба 1 415 316 нафар баробар шудааст. Аз ин миён 1 075 904 нафар шифо ёфта, 24 366 мариз ҷон аз даст доданд.

Манбаъ меафзояд, шаҳри Маскав аз лиҳози шумораи бештари маризон дар ҷойи аввал қарор дошта, дар як рӯз ахир 5 376 нафар тоза ба коронавирус мубтало гардиданд.

Зимнан, давоми як шабонарӯзи ахир дар Русия 179 бемор ба ҳалокат расиданд.

Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон: 80 қурбонӣ ва бештар аз 10 ҳазор мубталошуда

Дар робита ба авҷ гирифтани ин беморӣ, ҳукумати Русия аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунанд, ки ба риояи чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла пӯшидани ниқобу дастпӯш, бодиққат бошанд.

Гузашта аз ин, дар аксар манотиқҳои Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ гардиданд. Аз ҷумла дар вилояти Тулский баргузории тамоми чорабиниҳо танҳо бо ҳузури 20 нафар иҷозат дода шудааст. Дар Курган бошад, кӯдакони ноболиғ бидуни калонсолон наметавонанд савори нақлиёти ҷамъиятӣ шаванд.

Бо қарори раиси шаҳри Маскав, ҳудуди 30 дарсади кормандони идораҳо ба реҷаи дуркорӣ фиристода шуданд.

Дар макотибҳо бошад хонандагони синфҳои миёна ва боло низ ба таҳсили фосилавӣ фаро гирифта шуда, танҳо толибилмони аз синфи 1 то 5 таҳсилашро дар синфхонаҳо идома ммедиҳанд.

33
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Памир, архивное фото

Мардуми Ишкошимро аз хатари нашъамандӣ огоҳ карданд

26
Дар доираи ҳамоиши муштарак, ҳамчунин даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишии волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонони ноҳия  баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти шиори "Якҷо бо маводи нашъадор мубориза мебарем" ҳамоиши муштараки фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии "Корвони зиддимухаддиротӣ-2020" оғоз гардид.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", ҳамоиши мазкур бо риояи қоидаҳои пешгирӣ аз хатари бемории сироятии коронавирус аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Дар ҳамоиши муштарак раиси ноҳияи Ишкошим Мӯсо Мирзозода, сардори шуъбаи пешгирии нашъмандиии Агентии назорати маводи нашъаовар  полковник Бозоралӣ Сафарализода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти ноҳияи Ишкошим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ширкат кардаанд.

Гуфта шудааст, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои  маълумоти бештар пайдо кардани насли наврасу ҷавон оид ба хатари нашъамандӣ, тарғиби интихоби дурусти ҳаёт тавассути варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мусоидат мекунанд.

Дар доираи ҳамоиши муштарак даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишии волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонони ноҳия  баргузор шуда, дар фазои тантанавӣ аз номи роҳбарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилии мамлакат  ба ғолибон Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамоиши  муштараки "Корвони зиддимухаддиротӣ-2020" фарогири 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ: Ишкошим, Хоруғ, Дарвоз, Ш.Шоҳин, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Шаҳритус, Бохтар, Панҷакент, Хуҷанд, Исфара ва Душанбе буда, баргузории он дар дар ин шаҳру ноҳияҳо дар назар дошта шудааст.

26
Барчаспҳо:
мавзуи нашъамандӣ, Ишкошим, ВМКБ