Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” танқид кард

186
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон супориш додааст, ки фаъолияти ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”-ро тафтиш карда барояд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки фаъолияти ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”-ро тафтиш карда шавад, хабар додааст агентии ТоҷикТА.

Раҳмон кори ширкати ҳавоиро танқид карда мушкилиҳои асосиашро низ баён доштааст.

Масалан, роҳбари кишвар дар бораи ҳавопаймои “Боинг 767-332” ёдовар шудааст, ки тахмин меравад аз арзишаш як маротиба зиёдтар аз тарафи ширкати “Тоҷик Эйр” харидори шудааст.

Раисҷумҳур ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар супориш додааст, ки ин масъаларо низ дида барояд.

Чанде пеш расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода буданд, ки ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”  то охири соли оянда ҳавопаймоҳои кӯҳнаашро ба фурӯш мебарорад.

Дар маҷмуъ ширкат тасмим гирифта буд зиёда за 20 ҳавопаймояшро фурӯшад.

Инчунин чанде пеш маълум шуда буд, ки ҳукумати тоҷикистон мехоҳад саҳмияҳои “Тоҷик Эйр”ро ба ширкатҳои хусусӣ дода бо ин роҳ ӯро аз муфлисшавӣ раҳо кунад.

Айни ҳол 100 фоизи саҳмияҳои ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба худи ҳукумат таалуқ доранд.

Олег Пантелеев, директори иҷроияи ожонсии “Авиа Порт”-и Русия дурнамо ва рушди ширкати “Тоҷик Эйр”-ро дар хусусигардонидани ширкат пешбинӣ мекунад.

 “Агар ҳукумати Тоҷикистон хоҳад аз бори сангин халос шавад бояд ба сармоягузорҳо маҳдудиятҳои гуногун ҷорӣ накунад, аммо агар ҳукумат барои рушди тиҷорат манфиатдор бошад, метавонад дар назди сармоягузор шарташро гузорад ”, - тавзеҳ дод Пантелеев.

 

 

186