Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, акс аз бойгонӣ

Розигии раисиҷумҳур барои барканории Зиёзода аз ҳукумати Хатлону таъиноташ дар Суғд

2975
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои барканории Сулаймон Зиёзода аз ҳукумати вилояти Хатлон ва таъиноташ дар ҳукумати Суғд розигӣ додааст

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон озод шуда, ба мақоми муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид.

Зиёзода дар ин мақом Ориф Хоҷазодаро иваз кард, ки бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ таъин гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ 31 марти соли 1970 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад.

Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро аз рӯйи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.

Манбаъ афзуд, ки Хоҷазода солҳои 1993-2015 ба ҳайси ёрдамчии раиси шаҳри Хуҷанд ва баъдан дар идораҳои марбути идораи замин фаъолият кардааст.

“Аз соли 2015 то 2016 дар вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва солҳои 2016-2019 ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст”, - омадааст дар тарҷумаи ҳоли Ориф Хоҷазода, ки имрӯз раиси раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон таъин гардидааст.

2975