Дар Панҷакент ду ҷавонмард зери тарма монданд

Обуна шудан
Дар Панҷакент ду ҷавонмард, ки барои ҳезумчинӣ ба кӯҳ рафта буданд зери тарма монданд

ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон ду ҷавонмард аз ноҳияи Панҷакент зери тарма монданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ин ҳодиса рӯзи 14 январ 4,5 километр дуртар аз деҳаи Роғичи Панҷакент рух додааст.

Ба маълумоти маъмурияти Панҷакент ду ҷавонмарди яке 20 ва дигаре 30-сола ба кӯҳ барои ҳезумчинӣ рафтаанд ва дар ин минтақаи дурдаст онҳоро тарма зер кардааст.

Ба ҷустуҷӯи онҳо наҷотдиҳандагон, кормандони милитсия ва хоҳишмандон аз миёни сокинони маҳалӣ, рафтанд.

Қайд шудааст, ки ҳоло ҷасади танҳо марди 30-сола пайдо шудааст ва ҷустуҷӯи дуюмин давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0