Ҳабсшуда дар паси панҷара, акс аз бойгонӣ

Додгоҳ раиси маркази фарҳангии тоҷикон дар Чувашияро равонаи зиндон кард

227
Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Чебоксар Абдулмаҷид Ғафуров, роҳбари маркази миллии фарҳангии тоҷикон дар Чувашияро ба 1 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ аз қавли дафтари матбуоти раёсати Хадамоти федералии амният – “ФСБ” дар Чувашия хабар дода, афзуданд, ки қарори додгоҳ аллакай ҳукми қонунӣ гирифтааст.

Додгоҳ Ғафуровро дар қаллобӣ гунаҳкор донистааст. Бар асоси тафтишот маҳкумшуда аз сокини Маскав, шаҳрванди Русия 300 ҳазор рубл гирифта, ваъда додааст, ки парвандаи ҷиноӣ барои садамаи маргбор алайҳи ӯро тариқи шиносҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъ мекунад.

Манбаъ афзуд, ки Ғафуров инчунин дар гирифтани 150 ҳазор рубл аз шаҳрванди Тоҷикистон барои барқарор карданаш дар донишгоҳ гунаҳкор дониста шудааст.

Додгоҳ моҳи октябри соли гузашта, раиси маркази фарҳангиро ба ҳабси пешакӣ гирифта, акнун барои қаллобӣ дар ҳаҷми калон ба 1 солу 2 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

227